Arzon march 2024
МОДАРАМ САБАБГОРИ БАДБАХТИЯМ ШУД!
4509

 

Мадина ном дорад. Соли 2001 дар шаҳри Турсунзода ба дунё омада, соли 2019 мактаби миёнаро хатм кард, аммо таҳсилашро идома дода натавонист, чунки модарам тезтар мехост маро ба шавҳар диҳад. Ӯ духтаре буд, ки бо ҳусну одобаш аз дигар духтарон фарқ мекард.

Ҷовид хеши дури падарии Мадина аст. Онҳо якҷоя дар мактаб таҳсил мекарданду якдигарро сахт дӯст медоштанд. Вақте волидайни ӯ барои хостгории Мадина омаданд, модари Мадина духтарашро ба Ҷовид додан нахост, зеро оилаи онҳо камбизоат буданд. Ҷовиди ноумед барои таъмини оила ба Руссия рафт.

Дар муассиса писари дигаре ҳам бо номи Акрам духтаракро дӯст медошт. Дар вақти ба муҳоҷират рафтани Ҷовид ӯ ба Мадина хостгор равон кард. Акрам ҳарчанд сарватманд буд, аммо ахлоқи хуб надошт. Мадина ӯро намеписандид, аммо модараш домоди хубтаре нисбат ба ӯ намедид. Барои ҳамин, ӯ ба не гуфтанҳои Мадина нигоҳ накарда, ӯро ба Акрам фотиҳа кард Ҷовид ин хабарро шунавида, сахт руҳафтода шуд, чунки медонист аз дасташ ҳеҷ коре дигар намеояд.

Тӯй ҳам гузашту Мадина ба оилаи Акрамино келин шуд. Акнун рӯзҳои сахту сангини духтарак оғоз гардид. Акраме, ки мегуфт “аз ҷону дилам бештар дӯстат медорам” аз рӯзи якуми хонадорӣ ба сари ӯ даст бардошт. Ҳатто бо шатта ба миёнаш зад. Гӯё алови чашм мегирифт. Ин ҳолат акнун дигар ба ин домоди маҷнунсифат завқ мебахшид, ки ҳар рӯз Мадинаро чун тӯби футол аз ин кунҷи хона ба кунҷи дигараш ҳаво медод.

Бо гузашти ду моҳ аз тӯй падари духтар фаҳмид, ки Мадина дар хонаи шавҳараш азоби зиёд дорад, барои оварданаш рафт. Аммо домоди “футболист” ин суханони хусурашро шунавиду ӯро аз дари хонаашон зада берун кард. Баъди ин арӯсаки бечораро дар хона маҳкам карда монданд, ки боз гурехта ба хонаашон наравад.

Падари Мадина ба хона расиду ба занаш дарди дил кард. Ба гуфти ӯ духтараш дар хона буду ҳатто набаромад, то ӯро аз дасти шавҳари девонааш раҳо кунад. Аммо намедонист, ки духтари бечорааш аз омадану шатта хӯрдани падар ӯ бехабар буд.

Акрам як шаб Мадинаро бо либоси шабхобравакаш ба берун бароварду дар пеши падару модараш мурданак зад. Гуноҳаш ин буд, ки ба хӯрок намаки зиёдтарак партофт ва ин таом ба хушдоманаш маъқул нашуду ӯ тухм пухта хӯрд.

Субҳи барвақт Мадина “ҳар чизе, ки шавад, шавад” гуфту либосҳояшро ҷамъ карда, ба хонашон омад. Модараш, ки ба хотири сарвати Акрам духтараки ягонаашро бадбахт карда буд, ӯро дигарбора ба хонаи шавҳараш баргаштан намонду хост ягон домоди дигари бой ёбаду Мадинаро тӯй кунад ва ба хости худаш кайфу сафо намояд.

Ҷовид вақте қазияи ҷудошавии Мадинаро шунавид, ба ӯ занг зада, то хол дӯст доштанашро гуфт. Мадина ҳам бо гиря иқрор шуд, ки бачаро сахт дӯст медорад ва акнун дигар чизе садди роҳи оиладоршавии онҳо шуда наметавонад. Аммо модари Ҷовид нахост, ки Мадинаро келин кунад. “Ӯ духтари шавҳаркарда аст”, - мегуфт модари Ҷовид.

Ҷовид тасмим гирифт, ки ба хотири ризои дили модараш бо духтари дигаре оиладор шаваду баъд ҷавоби ӯро дода, Мадинаро ба занӣ гирад. Ӯ ин фикрашро ба Мадина гуфт. Аммо духтар инро маъқул накард. “Ман розиям, ки дуюм зани ту шавам, лекин аз якум занат чудо нашав. Намехоҳам, ки боз як духтари дигар ҳам чун ман бадбахт шавад”. Ҳамин тавр, акнун ӯ интизор аст, ки Ҷовид ба ватан баргашта, зан гираду баъд ягон соли зиндагӣ ӯ зани дуюми Ҷовид шуду ниҳоят зиндагии ширинро дид.аш шавад.

 

Аз идора: Ин саргузашти духтарест аз шаҳри Турсунзода, ки ба хотири молу сарват модар духтарашро бадбахт карда, умри чавонашро хазон намуд. Ин ҳолат танҳо дар ҳаёти Мадина нест. Мутаассифона, дар кишварамон чун ӯ зиёданд духтароне, ки курбони орзую ҳавасхои беарзиши волидайни худ мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД