Дар ин шаби тоқатфарсои тобистон сар ба болин мегузораму ба ёди он бевафо ашк мерезам.
Ба ёди Шаҳзоде, ки як вақтҳо ҷонашро бароям дареғ намедошту имрӯз бошад, дунболи ҳавову ҳавасҳо рафта, бахти аввалу писари ягонаашро миёни роҳ кардааст. Ҳарчанд мехоҳам ӯро фаромӯш кунам, симои зебояшро аз пеши чашмонам дур созам, вале наметавонам.
Дӯст медорам, ёри бевафоямро! Девонавор дӯсташ медорам! Фикр мекардам, ки Шаҳзод ҳам маро дӯст медораду қаҳр карда рафтанамро дида, аз пасам меояд, аммо афсӯс...
Хатои бузург кардам, ки хонаю дари ободамро партофта, барои маъшуқабозии шавҳар қаҳр карда, аз хонаи бахтам фирор намудам. Ду сол боз дар хонаи модар бо ду чашми гирён роҳи Шаҳзодро мунтазирам. Ростӣ, чунин сурат гирифтани сарнавиштамро чашмдор набудам. Бо шавҳарам қаҳрӣ карданро шӯхӣ хаёл кардам. Намедонистам, ки ин қаҳру нози мани зудранҷ боиси хонавайронии мо мегардад.
Як вақтҳо аз ман дида зани хушбахттар дар ҷаҳон набуд. Афсӯс, хушбахтиамро барои фоҳишае барбод додам. “Азизам, ту ҳам рӯзе бароям ашк мерезиву афсӯс мехӯрӣ, чунки туро ҳеҷ кас мисли ман дӯст намедорад, ҳатто модарат хам” – хаёлан мегӯям ба Шаҳзоду ашк рӯямро мешӯяд.
Ду сол сабр кардам, ки рӯзе Шаҳзод пушаймон мешаваду ба суроғи ману Шаҳзодаш меояд, вале баъд дарк кардам, ки номи бади бевазанро бо “шарофати” қаҳру нози нозарурам якумра соҳиб гаштаам.
Субҳи барвақт модарам ба хонаи хобам даромада, рангу рӯи зарди маро диду сарзаниш кард:
-Фаромӯш кун, ҳамон шӯйи бевабозатро! Талоқатро дода бошад, бало ба пасаш. Аз гуруснагӣ намемурӣ! Ман ҳам туро бе падар калон кардам. Иншоолоҳ писари туро ҳам ба воя мерасонам...
Ба рӯяш чизе нагуфтам, вале ба модарам нафрат дорам, охир, вай маро зиндаятим кард. Хурд будам, симои падарам андак-андак дар ёдам ҳаст. Ҳанӯз кӯдаки давон будам, ки падарам барои мардикорӣ ба Русия рафт. Модарам дар набудани падарам бо марди дигаре ба хона меомад. Маро ба кӯча фиристода, дарро маҳкам мекарданд. Бо ҳамон мардаки маймунбашара ишқварзӣ карда, ҳомиладор шудааст, модари бевафою беандешаам. Ба таваллудхона рафта, мехоҳад кӯдакашро гирифта партояд, вале як ҳамшира “дугонаҷон, ман фарзанд надорам, илтимос, кӯдакатро таваллуд карда, ба ман деҳ! Шавҳарат нав ба Русия рафтагӣ, пас аз як сол меояд. Натарс, шавҳари гарангат аз чизе хабар намешавад” гӯён, зорӣ мекунад. Модарам розӣ шуда, кӯдакро нигоҳ медорад. Вай пас аз нуҳ моҳ духтар таваллуд карда, ба ҳамшира дода, нафаси озод мекашад. Фикр мекунад, ки хиёнаташ пинҳон мемонад, вале “дуздиву ғарӣ паси саргини хар” гуфтагӣ барин, ҳаромӣ зоиданаш дар як дам овоза мешавад. Миш-миши ҳамсояҳо барқвор паҳн шуда, ин хабари нафратбор то ба Русия ба гӯши падарам ҳам мерасад. Падарам зуд аз Русия баргашта, ҷавобашро медиҳаду хонаву дарро хотири мани хурдакак ба модари бевафоям бахшида, боз ба Русия бармегардад. Дигар аз падарам на хат омаду на хабар. Ман дар орзуи хоҳару бародар, бо модарам ҷанҷол бардоштам, ки рафта кӯдакро ба хона орад. Хоҳаракамро дидану бо ӯ ҳамсуҳбат шудан мехостам, вале модарам гуфт:
Давом дорад