Formula novemver 2024
Модарам келини бой мехоҳад, вале...
13.01.2025
ОИЛА.ТҶ
1120

Салом! Ман як ҷавони 23-сола, имрӯз дар чорсӯи зиндагӣ зору ҳайрон монда, ниёз ба маслиҳат ва роҳнамоии шумо дорам.

Гулноза ном духтараки зебои шаҳриро дӯст медорам. Мо чанд сол боз ошноӣ дорем ва аҳд карда будем, ки ҳамин баҳор тўй карда, риштаи тақдирамонро мепайвандем, вале модарам духтари дигареро таги чашм кардааст. Бо модари арўсам ҳар рўз суҳбат мекунем ва ман гаштаю баргашта «холаҷон, дилпур бошед, духтаратонро аз даст намедиҳам» мегўям, вале модарам ду пояшро ба як мӯза андохта, келини ёфтаи худашро пешкаш карда истодааст. “Духтари фалон касро мегирӣ, онҳо оилаи бою бадавлат ҳастанд, бо шарофати хусурат ту ҳам одам мешавӣ” гуфта, ҷонамро ба лабам овардааст. Чанд бор аз апаҳоям хоҳиш кардам, ки модарамро ба гап дароварда, ба хонаи Гулноза хостгорӣ баранд ва кори хайрро қафо напартофта, тезтар тӯйи арӯсию домодии моро гузаронанд, аммо ҳарфи онҳо низ таъсир накард. Падарам, бародару хоҳаронам зид нестанд, аммо модарам “кадом духтари кўчагард туро ба домаш афтондааст, то ман зиндаам намемонам, ки писарам аз шаҳр духтари бероҳаеро ёфта, ба занӣ бигирад» гўён, ҳар рӯз бо ман ҷанҷол мекунад.

Сарҳисоби корамро гум кардаам. Ба хотири модарам аз ишқи Гулноз даст кашам, дар ҳаққи духтар номардӣ мешавад, якравӣ карда, дӯстдоштаамро мегирам гӯям, метарсам, ки мабодо модарам аз қаҳру ғазаб маро оқ накунад.

Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Т. Л.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД