Sebiston new 2024 october
Модарам аз моиндар бадтар аст
14.11.2022
ОИЛА
1835


Мо дар оила се фарзанд ҳастем ва падару модарамн барвақт аз якдигар ҷудо шудаанд. Ростӣ ман сабаби ҷудо шудани волидонамро намедонам, вале дар ёдам ҳаст, ки ҳангоми хурд буданамон падарам аз бемории саратон гузаштанд.

Моро модарам ба воя расониданд, вале ман ҳамеша падарамро ёд мекардаму набуданашро эҳсос мекардам, чунки модарам ҳамеша бо мо дағалона муносибат мекарлд ва сари ҳар қадам ҳақорату дашномҳи қабеҳ дода, дуои бад мекард ва т ба имрӯз низ ин одати бадашро напартофтааст.

Ба хотири модар буданаш чизе намегӯям, вале рӯзе нест, ки модарам ашки чашмонамро нарезонад. Ба хонаи дугонаҳоям рафта, муносибати модарони онҳоро мебинаму ҳавасам меояд, чунки мо ҳеҷ гоҳ чеҳраи кушоду меҳрубонии модарро надидаем.

Баъзан ба андеша меравам, ки наход модар баробари моиндар нисбати фарзандаш бе меҳр бошад. Магар модар чунин бе раҳм мешавад?
Г.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД