Ишқи бонуи турк
Дар ғурбат дур аз ватан модар маслиҳатгару роҳбалади писараш буд. Ромиз, ки хонаву дарашро тоҷикӣ оро дода буд, ба ҳама меҳмонҳояш мегуфт, “охир, ман ватанам - модарамро бо худ овардаам”.
Дар як нишасти тоҷирон Ромиз бо духтараки тарҷумоне шинос шуд. Соноз бо тоҷикӣ хеле ширин ҳарф мезад. Баъди ба ҳам дўсттар шудан, духтарак гуфт, ки падари ў турку модараш афғон будаанд. Аз ин рў, ў бо тоҷикии дарӣ зебо ҳарф мезанад.
- Чаро буданд?,- пурсид Ромиз.
Духтарак бо чамшони ҳавзи об нақл кард, ки дар даҳсолагияш падар ва дар понздаҳсолагияш модарашро аз даст додааст. Сонози бисту яксола бо бибияш зиндагӣ мекардааст.
Вақте Ромиз эҳсос кард, ки дигар бе Соноз зиндагияшро тасаввур карда наметавонад, модарашро барои хостгорӣ ба назди бибии Соноз равон кард. Бибии Соноз хеле ҷавон менамуд ва баъди сари писару келинаш тиҷорати онҳоро, ки аз чанд кошонаи ҳусн иборат буд, мечархонд.
- Соноз ба ин тиҷорат он қадар таваҷҷуҳ надорад, шояд баъди марги ман ақлаш дарояд,- гуфт бо ханда кампир, вале як соли дароз домодшаванди зебои хушқавораи тоҷикро санҷид. Ба Тоҷикистон омад, оқибат бо модари Ромиз дугона шуду баъд қудо, тӯйи ду ҷавон аввал дар Туркия, баъд дар Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомати хоса ва риояи урфу одатҳои миллӣ баргузор гашт. Акнун модари хушбахт дар ду ватан зиндагӣ мекунад, Ромиз низ худро хушбахти дунё эҳсос мекунад.
Бозгашти «фохтак»
Ромиз ёд дорад, ки боре дар мактаб дар дарси зоология муаллима ба онҳо парандаҳоро шинос карда, ишорачўбашро болои як сурат каме нигоҳ дошта, гуфт:
- Ин расми фохтак, инро бо забони русӣ «кукушка» мегўянд. Ин паранда як одати палидона дорад, ҳамин, ки чӯҷаҳояш аз тухм баромаданд, онҳоро ба лонаи дигар парандаҳо бурда монда, худаш мегурезад.
Муаллима алакай дар бораи парандаҳои дигар нақл мекард, вале дар зеҳни Ромиз фақат як ибора чарх мезад, “мисли модари ман, мисли модари ман, мисли модари ман…”.
Баъди ҳамон фирори модар Ромиз дигар дар бораи ў чизе нашунида буд ва барои худ ҳарф заданро дар бори ў манъ карда буд, вале…
Як рўз ў дар офиси дар ватан будааш ба кор машғул буд, ки котибааш наздаш даромада, гуфт:
- Раис, як зан ду моҳ боз меояду меравад, назди шумо даромаданӣ аст.
- Марҳамат, дарояд,- гуфт Ромиз, ки ба пешаш корафтодаҳо зиёд меомаданд ва ў ҳеҷ гоҳ ягон нафарро ноумед аз пешаш гусел накарда буд.
Вақте меҳмони навбатӣ “ассалом” гўён, ба утоқи корияш ворид гашт, Ромиз ўро шинохт, вале худро бепарво гирифт.
- Салом хола, ягон хизмат буд?,- аз коғазҳо сар набардошта, пурсид ҷавон.
Зан давида, назди Ромиз рафт ва пеши пояш афтода, бахшиш пурсид, “ман модарат, аз ёдат баровардӣ?” гуфт. Ромиз ўро аз ҷояш хезонида, ба курсӣ шинонд ва гуфт:
- Не, ман шуморо аз ёд набаровардаам, ба шумо дарди сар будану маро назди дари падару моиндарам музтар монда, гурехтанатон ҳам дар ёдам ҳаст.
Зан марги шавҳару фарзанд надоштанаш ва то ҳол иҷора ба иҷора гаштанашро мегуфту мегирист. Ромиз ба вай як миқдор пул доду ба котибааш гуфт, ки ба наздиктарин бонк рафта, ба номи ҳамин зан як корт кушояд.
Бо маслиҳати моиндараш ў барои модараш дар як гўшаи шаҳр хонаи якҳуҷрагӣ харида дод, ҳар моҳ барояш маблағ мегузаронад, аммо ўро қабул карда натавонист.
Шояд бо гузашти вақт ў модарашро бахшида тавонад, зеро дар зиндагӣ ҳар гуна ҳолат шуданаш мумкин аст.
Нисо ХОЛИД