Ромиз ҳар гоҳе сурудҳои боаламро дар бораи хубии модару бадрафтории моиндар шунавад, табассуми талхе вирди лабонаш мепечад ва зиндагияш чун китоби кўҳнае пеши чашмонаш кушода мешавад.
Падардори бепадар
Модари Ромиз донишгоҳро хатм намуда, ба як корхона ба ҳайси коргузор ба кор медарояд ва ҳамон ҷо бо падари ў, ки зану фарзанд дошт, вомехўрад. Аз ин пайванд Ромиз ба дунё меояд, Ромизе, ки барои модар дарди сар буду барои падар бадтар аз дарди сар. Падараш гоҳ-гоҳе ба хабаргирии онҳо меомад, аммо барои писараш пули хуб медод. Ромизу модараш хона надоштанд ва аз ин иҷора ба иҷораи дигар кўч мебастанд. Ромиз ёд надорад, ки падару модараш ҳарфи навозише ба вай гуфта бошанд, модараш ўро ҳамеша ғами ҷону дарди сар меномид. Аммо Ромиз модарашро аз ҷонаш зиёдтар дўст медошт, ҳама бобою бибӣ доштанд, вале бобову бибии Ромиз баъди таваллуди ў аз модараш рўй гардониданд. “Наход духтар зани дувум шавад?”,- мегуфт як холааш, ки гоҳе ба хабаргирии онҳо меомад. Бечора кўдак на зани якумро медонисту на зани дувумро, гоҳе худро сабабгори гиряҳои талхи модараш дониста, хафа мешуд ва ба хонае даромада, дарро аз болояш қуфл мезаду мегирист.
Шавҳар ё писар?
Ромиз панҷ сол дошт, ки модараш бо як мард вохўрданро сар кард, аммо писарак медид, ки шавҳаршавандаи модараш ба ў бо назари нафрат менигарад. Бечора кўдак ҳайрон мешуд, ки чаро? Ў ба ин марди болобаланд чӣ бадӣ карда бошад?
Як субҳи рўзи якшанбе модараш ўро бо либосҳояш гирифту ба назди як бинои баландошёна бурд, онҳо ба қабати дуюм баромаданд. Модараш занги дарро пахш карду ҳамин, ки садои қадаммонӣ баромад, ў як даста ҳуҷҷатро ба дасти кўдак дода, худаш давдавон поён фаромада гурехт. Дарро падараш боз кард, аз қафои ў зани болобаланди сафедпўсти ниҳоят зебо ҳам дасташро дар пешбандакаш пок карда омад. Падараш саволомез ба зан нигоҳ кард. Зан бошад, биё бачем, даро,- гўён, Ромизро ба хона даровард.
Гуфтугузори байни он зану падараш пеши назари Ромиз мегузашт:
- Падарлаънат, кўдакашро оварда, ба гардани ман бор карданашро бин,- гуфт падараш.
- Ромиз танҳо фарзанди ў не, фарзанди ту ҳам ҳаст,- посух дод зан.
- Ҳеҷ гап не, як - ду рўз тоқат кун, ба хонаи бачаҳо мебарамаш,- гуфт падараш ба ў бад-бад нигоҳ карда.
Аммо зан бо қатъият гуфт:
- Не, Ромиз бо апаву додараш калон мешавад, ту як авлодро нон дода метавонӣ, чӣ хел дилат мешавад, бачаатро бурда, ба хонаи бачаҳо монӣ?!
Ҳамин тавр, Ромиз дар хонаи падараш монд.
Модари меҳрубони ман
Апааш Нозия ва додараш Малик зуд бо Ромиз унс гирифтанд ва аввалин меҳрубониҳои модаронаро писарак аз моиндараш диду зуд ўро модарҷон номид. Падараш тоҷир буду субҳи барвақт ба кор рафта, дили шаб меомад. Ӯ хеле сахтгир буд, вақте падар дар хона бошад, ҳама ях мебаст. Кўдакон дигар парвонавор гирди модар парвона намешуданд ва ба хоначаи худашон даромада, байни ҳам паст-паст гап зада, китоб мехонданд ё бозӣ мекарданд. Падараш сахтгир бошад ҳам, барои фарзандон тамоми шароитро фароҳам оварда буд. Модараш кори хона ва хизмати падарашонро мекард. Зери сояи меҳри модар се фарзанд ба воя расиданду ба донишгоҳ дохил шуданд. Падарашон аз олам гузашту тиҷораташ ба зану фарзандонаш мерос монд. Нозия духтур буду бо шавҳараш ба Олмон рафта, ба тиҷорати падар шарикӣ накард. Малику Ромиз бошанд, тиҷоратро пеш мебурданд. Бо маслиҳати Малик Ромиз дар Туркия филиали ширкати тиҷоратии падарро кушод ва корашон хуб омад кард. Малик ба дўстдоштааш хонадор шуд, вале Ромиз ҳоло маликаи қалбашро наёфта буду танҳо ба Туркия сафар карданӣ шуд. Ҷавон он қадар модарашро дўст медошт, ки дурӣ аз ўро таҳаммул карда наметавонист. Чун аз модар хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш ба хориҷа равад, ў зуд қабул кард.
- Майлаш бачам, додарат зан дораду ба вай нигоҳубин мекунад, ту дар он мулки ғарибӣ танҳо чӣ кор мекунӣ? Диламро сагон талла мекунанд…
Модар инро гуфту оби чашм рухсораҳои зебояшро шўст.
Нисо ХОЛИД