Ҷараёни ҳомиладории зан хуб гузашт ва аз ягон чӣ шикоят надошт. Аз ин рӯ, пайвандони ӯро таваллуди тифл бо се сар ҳайратзада намудааст.
Дар иёлати Уттар -Прадеш тифле ба дунё омадааст, ки якбора се сар дорад.
Манобеи DailyStar менависад, ки ҷараёни ҳомиладории модари ин тифл хуб гузашт ва ӯ аз ягон чӣ шикоят надоштааст. Аммо чун кӯдак ба дунё омад, пайвандони ӯ ҳама дар шигифт афтоданд, зеро навзод се сар дошт.
Аксу навори тифли ба дунё омада зуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Аз наворҳо маълум аст, ки ду сари иловагӣ ба саре, ки бидуни нуқс аст ва хуб инкишоф ёфтааст, пайваст мебошанд.
Манбаъ меафзояд, вазъи модару кӯдак хуб буда, пизишкон онҳоро аз бемористон мураххас намуданд.
Сокинони ин иёлат ӯро таҷассуми Худо дар рӯи замин меҳисобанд ва ҳамарӯза теъдоди зиёди "тамошобинон" ба хабаргирии кӯдак меоянд.
Феълан назари пизишконе, ки шоҳиди бевоситаи таваллуди ин тифл буданд, маълум нест.
тифл