Formula novemver 2024
Модар бояд ба тифлаш чиҳо гӯяд?
827


Бисёр модарон “кӯдаки навзод ҳеҷ чизро намефаҳмад” гуфта бо тифлашон гап намезананд, аммо ин фикр комилан ғалат аст.

Тифл ҳанӯз замони дар батни модар буданаш суханҳоро мешунавад. Албатта ӯ ба гапҳои шумо ҷавоб намедиҳад ва мазмуни қисмати зиёди суханони шуморо намефаҳмад, лекин ҳатман дар бораи мавзӯе ҳамроҳаш сӯҳбат кардан лозим аст. Вақте ки бо кӯдак гап мезанед, вай дар мағзаш барои худ калимаҳоро захира мекунад.

Ба кӯдак калимаҳоро дурусту пурра гуфтан лозим аст. Ӯ бояд аз аввал калимаҳоро дуруст шунавад то барои гуфтанаш худро тайёр кунад. Ҳарчанд талалффуз крадани баъзе калимаҳову ҳиҷоҳо барояшон душвор аст, аммо ба ин нигоҳ накарда, суханҳои дурустро гуфтан лозим аст.

Баъзан вақт кӯдакон шеърҳои кӯтоҳ ва ё гапҳои дигаронро такрор мекунанд, ки ин нишонаи инкишофи нутқи кӯдак мебошад. Маъмулан кӯдак ҳарфҳои «ж», «ш», «ч», «ҳ», «с», «з» ва «қ»-ро дуруст талаффуз мекунад, аммо ҳарфҳои “л” ва “р”-ро душвор талаффуз мекунанд ва ё умуман талафуз намекунанд.

Барои гап задани кӯдак узвҳои шунавоӣ, биноӣ, шоммеъа ва системаи асаб нақш мебозанд. Онҳо аз яксолагӣ то сесолагӣ инкишоф меёбанд. Кӯдак дар чорсолагӣ дар гап задан мушкил дошта бошад, ин маънои онро дорад, ки яке аз ин узвҳо инкишоф наёфтааст ва ё дар инкишоф мушкил дорад.

Кӯдаконе ҳастанд, ки системаи шунавоияшон хуб асту ҳамаи гапҳоро мефаҳманд, вале калимаҳоро дуруст талаффуз карда наметавонанд. Дар ин ҳолат даступохӯрда нашуда, барои дуруст гап задан ба ӯ кӯмак кардан лозим аст. Барои ҷумлаҳоро дуруст истифода намуданаш ёрӣ диҳед.

Ҳамроҳаш хуб гап зада, хатоҳояшро ислоҳ намоед. Дар ҳолати хато карданаш нахандед, зеро кӯдак шарм дошта, минбаъд кӯшиши суҳбат карданро намекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД