formula feb 2025
Модар ба ҷойи духтараш писар таваллуд кард
634

Дар Чикаго ҳодисаи аҷибе рӯй дода, як зани 61-сола ба ҷойи духтараш писар таваллуд кардааст. Дар ин бора northossetia хабар медиҳад.

Кристин Кейсии 61-сола аз Чикаго ба хотири муҳаббати бепоёне, ки нисбат ба фарзанди ягонааш дорад, ба коре даст задааст, ки то ҳол ягон модар дар дунё накарда буд. Кейси ба ҷойи духтараш Сараи 35-сола, ки табибон ба ӯ ташхиси безурётӣ гузошта буданд, писарча таваллуд кардааст. Акнун кӯдаке, ки ин зан ба дунё овардааст, расман наберааш ба ҳисоб меравад.

Падару модари биологии тифле, ки Кейсии 61-сола ба дунё овардааст, духтараш Сара ва домодаш Билл мебошанд. Табибон бо усули бордорсозии сунъӣ тухмҳуҷайраҳоро аз ҷисми Сара ва шавҳараш Билл гирифта, ба модараш Кейси гузаронидаанд. Ин зани 61-сола мисли дигар модарон 9 моҳу нӯҳ рӯз кӯдакро дар батни худ парвариш карда, бо роҳи ҷарроҳии қайсарӣ дар таваллудхонаи Прентиси Чикаго ба дунё овардааст. Тифлак писарча буда, номашро Финнан гузоштаанд.

Сара ва шавҳараш аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷанд, худи Кейси бошад, аз он ки дар амалӣ намудани орзуи бузургтарини духтараш кумак кард, хеле шод аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД