Sebiston new 2024 october
Моҷарои ангуштарини тилло
1507

Моҷарои ангуштарини тилло

Аввалҳои фасли баҳор, дарахтони гулбасар ба самти вазиши шамолак гулреза мепошиданд. Дарахти бодом аз гул фаромада, навбати гули гелосу зардолу фаро расида буд. Як лаҳза болои кат нишаста, нафаси тоза гирифта, аз атри баҳор маст шудан мехоҳад дил.

Духтарчаҳои дугоники Зуҳро зери дарахти тут арғушт мерафтанд, худи Зуҳро машғули рӯбучини хонааш буд. Ҳамин асно дарвозаи дутабақаи ҳавлӣ кушода шуду ҳамсоязан бо як нони гарми танӯрӣ ва се-чор дона самбӯсаи алафӣ дар даст даромада омад, онро болои кат гузошту рафт. Бӯйи иштиҳоовари нони гарму самбӯсаи алафӣ ба атроф паҳн шуд. Дили Зуҳро гум зад, ки самбӯса хӯрад, аммо то даст шуста назди кат омаданаш дугоникҳо самбӯсаро хӯрда, тамом карданд. Тифлакон боз ба умед ба модар нигаристанд, нигоҳашон боз ҳам самбӯса хостанашонро мефаҳмонид.

Зуҳро ба духтарчаҳояш фаҳмонид, ки зуд бармегардад ва дарвозаро маҳкам карда, ба бозор рафт, то алафи тар биёрад.

Он рӯз то бегоҳ машғул шуд. Сурфа густурда, хамир шӯрид, алафро қима карда, самбӯса пухтанду гирди дастурхон аҳли оила сарҷамъ тановул карданд.

Ҳафтае сипарӣ шуду Зуҳро ба як маъракаи тӯй хабарӣ шуд. Чун одати бонувон худу фарзандонашро ороста кард, аммо чизе намерасид. Ниҳоят дарёфт, ки ангуштарии меросии модараш дар ангушташ нест. Тамоми хонаашро тагу рӯ кард, лекин наёфт.

Ба маърака бо димоғи гирифта рафту ду-се рӯзи дигар табъи хира дунболагираш шуд. Ҳирси тилло буд ё ёди ангуштарии модару пазмони худи модар, ки гиря дам ба дам гулӯгирашмекард ва билохира бархоста, ба хонаи фолбин рафт. Фолбин гуфт: ”Як зани қадбаланди сабзина, ки ҳар замон ба хонаат омада меравад, пеши назарам намудор шуда истодааст. Саду панҷоҳ сомонӣ меорӣ, дуо мехонам, оварда ба дастурхонат оҳиста мегузорад”.

Дар дили Зуҳро таҳлука афтод, зеро чунин қадбаланди сабзина хоҳари шавҳараш буд. Дар ҳақиқат ба ангуштаринаш бо ҳавас менигарист. Акнун ин гапро чӣ гуна рафта, ба ӯ мегӯяд?! Охир, ягон бор байнашон дуруштие нагузаштааст. Саду панҷоҳ сомонӣ барои фолбин ҳам надорад. Як сару ҳазору як савдо худаш надониста монд, ки чӣ тавр ба хонаи хоҳари шавҳараш рафт. Хуш истиқбол шуд, хуш гусел, аммо нохуширо худаш оғоз кард.

- Хоҳарҷон, аз модарам ягона мерос мондааст ангуштарин, агар фарзандонатон надониста гирифта монда бошад, баргардонед. Ёдгорӣ аст, охир…

Хоҳари шавҳараш дар ҳайрат монд, таскин дод Зуҳроро аммо сахт ранҷида буд.

Зуҳрои сару ҳисоб гумкарда ба хонааш баргашт. Рӯз бегоҳ шуду хона нарӯфт, хӯрок напухт ва мусаллам аст, ки шавҳараш аз кор баргашту ошуфт. Гурбаи сиёҳ гузашт аз байнашон. Бо ҳар баҳона ба сари дугоникҳояш фарёд карду ба иззати нафси шавҳараш расидан гирифт, ҳатто таъна ҳам кард, ки кош ягон ангуштарӣ харида дода бошӣ, мероси модарамро хоҳарат дуздидааст. Билохира шавҳар даст бардошт, ҳарчанд чунин одат надошт. Зуҳро бо ситеза дугоникҳояшро пешандоз карда, аз хона баромада рафт.

Зани баргашта омада худаш дар хонаи падар ба иллат меғунҷад, боз бо ду кӯдак ва боз дар хонае, ки кайҳо боз волидайнаш дар қайди ҳаёт нестанд. Ҳар чӣ ба сараш омад, гардан фароварду тоқат кард. Гумон кард, ки қадраш мегузараду шавҳараш омада мебарад, аммо гумонаш хато баромад. Шавҳараш наомад.

Ҳафтаҳову моҳҳо гузаштанду пушаймон шуд, рӯйи зани арозӣ сиёҳ шуду аз баҳри ангуштарин гузашт. Бархесту ба хонааш баргашт.

Тирамоҳрӯя буд. Меваҳо пайи ҳам пухта, рехта, пӯсида рафтаанд. Замин шира шуда, ба болояш хазон рехта, ҳавливу хонааш ифлосу пур аз пору. То бегоҳ бо ду духтарчааш ҳавлӣ тоза карданд. Рӯзи дигар Зуҳро бархосту ба хотири оштӣ шудан бо хоҳари шавҳараш хост, ки манту пухта, ба меҳмонӣ равад, зеро хоҳари шавҳараш мантуро дӯст медошт. Сурфаро густурда дид, ки орди дохилаш кӯҳна шудааст. Ба элак бардошта, бехтанӣ шуд. Ногоҳ чизе дар чашмаш дурахшид. Ангуштарии меросии модараш буд. Ҳанӯз аз аввали баҳор, вақти пухтани самбӯсаи алафӣ аз лаби сурфа бо орд омехта шуда рафтааст. Аввал ба фолбин ҳазорон нафрат карду баъд аз гумонҳои бадаш пушаймон шуд.

 

Деги мантуро бардошта, бо кӯдаконаш ба хонаи аммаҷон рафтанд. Амма ҳам гӯё ягон ҳодиса нашуда бошад, меҳмондорӣ кард ва ҳатто сухане ҳам дар бораи ҳодисаҳои гузашта накушод. Вақти рафтан Зуҳро дасти мизбонро гирифту оҳиста ангуштариро гузошт ва гуфт: “Хоҳарҷон, ман як бор аз рӯйи беақлӣ ба шумо тӯҳмат кардам. Ҳамин ангуштариро ҳамчун тӯҳфа гиреду дуо кунед, ки сиҳат- саломат халос хӯрам. Дар миёни ду роҳ истодаам.”

Хоҳар табассум карду ангуштариро ба ангушти худи Зуҳро гузаронид. Баъд оҳиста гуфт: “ Ман ин ангуштариро хоб дидам, шумо писардор мешавед.”

Рӯзи дигар хабари хуш омад. Дугоникҳо додарчадор шуданд.

Ш. Наҷмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД