Мизоҷон: Кӣ асосист дар бизнес?
75

Агар бозор - уқёнус бошад, пас мизоҷ - шамолест, ки киштии туро ба ҳаракат медарорад.

Бе мизоҷ бизнес пеш намеравад. Ҳатто беҳтарин маҳсулот, агар онро касе нахарад - арзише надорад.
Аз ҳамин сабаб соҳибкорони муваффақ ҳамеша мизоҷони худро меомӯзанд:
Киҳо ҳастанд? Чиро мехоҳанд? Ва чӣ ба онҳо қулайтар ва писандтар аст, ки харид кунанд?

Оё мизоҷ ҳамеша ҳақ аст?

Мизоҷ ба мағоза медарояд ва мепурсад:
- Чӣ бештар фурӯхта мешавад?
Фурӯшанда мегӯяд:
- Он чизе, ки мизоҷ мехарад.

Хулоса:
Баъзан худи мизоҷ ҳам намедонад, ки чӣ мехоҳад - ва ҳамин вазифаи туст, ки онро эҳсос кунӣ.
Дар ҳамин аст моҳияти соҳибкорӣ: дардро дарк кардан ва пеш аз он ки хоҳиш кунанд - роҳи ҳалли онро пешкаш намудан.

B2C ва B2B - фарқ дар чист?

Ҳамаи мизоҷон ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд:

  • B2C (Business to Consumer) - вақте ту ба мардум мефурӯшӣ.
  • B2B (Business to Business) - вақте ту ба ширкатҳо мефурӯшӣ.

Мисол:
Кафе кушодӣ? → мизоҷонат одамонанд, ки барои хӯрдан меоянд (B2C).
Маҳсулот ба тарабхонаҳо мерасонӣ? → бо бизнесҳо кор мекунӣ (B2B).

🔹 B2C - барои одамон
Ин ҳамон чизҳоест, ки ҳар рӯз мебинӣ: мағозаҳо, кафеҳо, курсҳои онлайн, апликейшнҳо.
Дар ин ҷо ҳиссиёт, таҷриба ва қулайӣ муҳим аст.

Мисол: Nike фақат пойафзол намефурӯшад - онҳо орзуи неруманд шуданро мефурӯшанд.
"Just Do It" - на танҳо шиор, балки даъват аст.

🔹 B2B - барои ширкатҳо
Ин ҷо ҳама чиз ҷиддитар аст: таҷҳизот, барномаҳо, ашёи хом, консалтинг.
Арзиш, сифат, боэътимодӣ ва самаранокӣ нақши асосӣ доранд.

Мисол: Coca-Cola нӯшокиҳоро ба супермаркетҳо (B2C) ва шарбатҳоро ба кафеҳо (B2B) мефурӯшад.
Ду модели фурӯш - имкониятҳои бештар.

Аз китоби Шавкат Бозоров - «Анатомияи бизнес»

https://www.facebook.com/profile.php?id=61574708436821&rdid=Z54ay0UxV7vQ211n#

https://www.instagram.com/mba.tj?igsh=dmhjNzM4bWljOGw4

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД