Дирӯз яке аз устодони санъати тоҷик, ҳунарманди булбуловоз ва беназир Саидқул Билолов ҷашни милод доштанд. Ин фарзонамарди сар то ба по ҳунар дар рушди санъати миллии тоҷик саҳми арзанда дорад.
Мо ин марди ҳунарро сидқан бо солгарди умр муборакбод гуфта, барояшон сари ба мисли қуллаҳои Бадахшон баланд ва тани сиҳату бақои зиндагиро таманно менамоем ва бо камоли эҳтиром хотироти ҳамкорамон Фирӯза Сатториро аз як барномаи консертӣ, ки мӯъҷизаи суруди Саидқулро нишон медиҳад, мазуратон мегардонем.
хххххх
Солҳои 1990 буд. Ҷанги хонумонсӯз ба охир расида бошад ҳам, ҳанӯз ҳар замон аз гӯшаю канорҳои гуногуни Ватани дар хун оғӯштаамон садои даҳшатангези тиру туфанг ба гӯш мерасид. Ҳамарӯза ҷасади даҳҳо шаҳидони гулгункафанро аз майдонҳои набард меоварданд ва нолаҳои зори модарони ҷигарсӯхта синаи фалакро медарид. Сарвари давлат барои ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ҷони худро дар хатар монда ба Афғонистон сафар кард, то ғарибонро дубора ба марзу буми аҷдодӣ биёрад. Ана дар ҳамон замонаи бисёр ҳассос ман бори аввал мӯъҷизаи суруди Саидқул Билоловро дида будам.
Он солҳо донишҷӯ будам ва ҳамзамон дар шӯъбаи мусиқии телевизион ба сифати муҳаррир кор мекардам. Рӯзе моро бо телевизиони сайёр (ПТС) барои сабти барномаи идона ба ифтихори солгарди ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон ба “Кохи Борбад” фиристоданд. Барномаи консертии тантанавӣ сар шуд. Ҳунармандон яке пайи дигар ба саҳна баромада суруд мехонданд, вале аз чеҳраи нишастагон аён буд, ки ба дили аҳли толор на мусиқӣ мефорад, на таронаву рақс. Барнома қариб ба охир расида буд, ки Саидқул Билолов ба саҳна баромад. Оҳанги тарона ва садои ҳофиз чунон пуртаъсир буд, ки дили касро аз сина меканд. Вақте ки Саидқул Билолов мисраҳои зеринро мехонд, селоби ашк рухсораҳои тамоми тамошобинони дар толор нишастаро тар кард.
Пардаҳои нағмаҳоямро бикан,
Бар барои бекафанҳоям кафан.
Эй ғарибони Ватан овардаам,
Пораеро аз Ватан дар ҳар сухан
Дар зал ягон тамошобине намонд, ки оби дидагонаш ба рухсораҳояш ҷорӣ нагашта бошад. Ашки чашмони ман ҳам, ки дар даруни мошини студияи сайёр нишаста, рафти барномаро ҳамчун муҳаррир тамошо мекардам, ҷорӣ гашта буд.
Вақте дидам, ки тамоми толор ба эҳтироми ҳофиз аз ҷояшон бархоста бо Саидқул Билол ҳамовоз гаштанд аз коргардони маъруф Неъмат Халилов, ки режессёри барнома буданд, хоҳиш кардам, ки сарояндаро не, бештар аҳли толорро ба навор бигирад, то таъсири таронаро ба тамошобин намоиш дода, дар дили ғарибон тухми меҳри Ватанро бикорем.
«Зачем мне толпа?!» эътироз намуд Неъматака, ки вақти сабт бештар бо забони русӣ ҳарф мезад.
Намедонам чи тавр аз ҷоям бархоста коргардонро ба сӯе тела додам ва бо чашмони селоби ашк дар сари пулт истода ба наворбардорон амр кардам: «Толорро ба навор бигиред, толорро! Шоҳасари барномаи имрӯза ҳамин суруд аст! Мо бояд ин таронаро барои ба Ватан бар гардондани ғарибон истифода барем!»
Акнун аз чаҳор камераи дар зал буда, сетоашон тамошобинонро намоиш медоданду як камера сарояндаро ба навор мегирифт ва мо медидем, ки чи тавр тамоми толор ҳамроҳи Саидқул Билолов месарояд:
Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Тоҷикистон ҷону ҷонон,
Тоҷикистон беҳтар аз ҷон,
Беҳтар аз ҷонону ҷонон…
Суруд ба охир расид ва мавҷи кафтубии бардавоми тамошобинон толорро ба ларза даровард.
Гумон доштам, ки Неъмат-ака барои чунин густохӣ маро сарзаниш мекунад, вале коргардон баръакс ба китфам тап-тап зада гуфт:
«Я думал ты на журналиста учишься, оказывается и в режессуре хорошо разбираешься. Молодец!»
Аз он айём беш аз 20 сол гузашта бошад ҳам, ҳар гоҳ Саидқул Билоловро бубинам, ҳамон лаҳзаҳо дар ангораҳои хаёлам дубора зинда мешаванд ва беихтиёр дар чашмонам ашк ҳалқа мезананд. Аҳсанд, сад аҳсанд булбули саҳнаи тоҷик!
Ф. Сатторӣ