arzon replenishment
Мӯъҷизаи ишқ (ҚИСМИ 1)
13.02.2025
АРДАШЕР
1612

- Борҳо ба ҳардуятон гуфтам, ки монеи ишқи поки ду ҷавон нашавед. О, дӯстдоштаашро ба занӣ гирифтани писарат чӣ бадӣ дошт. Чӣ будааст? Агар вай духтари хуб мебуд, ишқбозӣ намекард будааст! О, дӯст дошта оила бунёд кардан кори айб аст магар?,- Ҳурматхола дарғазаб шуда, келинашро танбеҳ медод, ки чаро дӯстдоштаи писарашро келин накард.

- Холаҷон, ман ҳам аз куҷо медонам, ин тавр шуданашро. Хостам ба писари яккаву ягонаам, ки ба барги гул печонда калон кардам, аз як оилаи барӯманду сарватманд келин кунам.

- Сарватманд, сарватманд. Инсонро аз рӯйи пулу молаш не, аз рӯйи амалаш, гуфтораш, кирдораш, рафтораш ва пиндораш бояд баҳо дод. Ҳамсояҳо ҳам гуфтанд, ки ин духтар камтар ба қавли худаш "замонавӣ"... Не-дия, дар байн одамони иғвоангез ҳаст гуфта, ду поятонро ба як мӯза андохта гирифтед.

- Холаҷон, ман хато кардам.

- Албатта, хато мекунед. Сухани пирро, ки намегиред, корҳоятон бетадбир мешавад,- абрӯ чин кард кампир.

Замира гунаҳкорона ба хушдоманаш нигариста, гуфт:

- Э афсӯс, холаҷон. Холаҷон, ба гапи шумову писарам надаромада, сахт хато кардам. Ман ҳам аз куҷо донам, ки ин келин ин тавр мебарояд. Хайр корҳои хонаро ку майда-майда ёд медодам, ба дуруштзабонияш ҳам одат кардан мумкин буд. Тарзи либоспӯшияшро ҳам бо мурури замон дуруст мекардем. Лекин ӯ сабр накард!

- Ман низ ҳаминро мегӯям. Келинат аз рӯзе, ки омад, чашму рӯяш беҷо буд. Гӯё ӯро маҷбуран ба шавҳар дода бошанд. Наход дар ду соли оиладорӣ панҷ маротиба хонаи падараш қаҳр карда равад. Боз агар сабабашро пурсӣ, "писаратон меҳр намедиҳад" мегӯяд. Ё ӯ ҳақ буд-мӣ, келин? Ё набераам ҳам воқеан ба келинамон меҳри шавҳарӣ дода натавонист? Ё рисолати шавҳарияшро ба ҷо наовард? Ба ӯ одат карданаш мушкил шуд?

- Намедонам холаҷон. Мо ҳам натавонистем, ки як оиларо аз вайроншавӣ наҷот диҳем. Ақаллан фарзанддор мешуданд, риштаи оилаашон мустаҳкам мешуд,- гуфт Замира.

- Келин, акнун келинат, ки рафт, корҳои хона боз ба дӯши худат монд. Мани кампир дигар аз ҷоям ҷунбида наметавонам. Барои ҳамин, як чойи кабуди талх дам карда биё, ки аз ӯю хаёли зиёд сарам торс мекафад,- гуфт холаи Ҳурматой сарашро бо ду дасташ маҳкам дошта.

- Хуб - хуб, холаҷон. Шиштани маро ҳам бинед, ба келин одат карда будиям. Хубу ганда бошад ҳам, келинам буд. Чой монда будам, ҳозир дам карда меоям...

Замира пас аз чанд лаҳза барои хушдоманаш чойи кабуди талх дам карда овард. Кампир ҳамоно сарашро бо ду дасташ маҳкам дошта менишаст.

- Холаҷон, ин чойро гиред,- гуфта, ба хушдоман чой дароз кард Замира.

- Раҳмат келин. Келин, ман фикр мекунам, ки айби писарат ҳам ҳаст. Худ қазоват кун, агар шавҳарат ҳар рӯз ба хона ояду ба ту эътиборе надиҳад, ба корҳои барояш анҷом додаат ақаллан раҳмати холӣ нагӯяд, ба муҳаббатат бо нафрат ҷавоб диҳад, худро таҳқиршуда ҳисоб намекунӣ? Албатта мекунӣ. Дар чунин муҳит зиндагӣ кардан ба ҳама ҳам на танҳо мушкил, балки ғайриимкон аст. Хайр, келинат, ки дангалгӯй буд, шарта-шарта сухани ба даҳонаш омадаро мегуфт.

- Рост мегӯед, холаҷон. Айби Сарварҷон ҳам ҳаст.

- Ҳа. Лекин инсон дар зиндагӣ бояд камтар таҳаммулпазир бошад. Дар ҳар майда-чӯйдаи заношӯӣ ҷанг кардан албатта оқибати хуб надорад.

- Холаҷон, дар қалби набераатон Сарвар мурғи ишқи Симин лона карда будааст. Дар қалби ӯ дигар зан ҷо шуда натавонист.

- О, ман ба ҳар дуят чӣ гуфта будам? Ҳамон дӯстдоштаашро келин кун гуфта будам,- холаи Ҳурматой дубора ҳамин суханонашро такрор карда, бори дигар аз гапнодароии келинаш гилагузорӣ кард...

(Давом дорад)

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД