1xbet
Миллиардери ҳиндӣ аз газидани занбӯр мурд
150

Дар кишвари Ҳиндустон як марди сарватманд, ки дороияш миллиардҳо долларро ташкил медиҳад, аз газидани занбӯр ҷон додааст. Дар ин бора ateo.breaking хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳангоми бо бозии поло машғул будани миллиардери ҳинду Санҷай Капур ногаҳон занбӯр ба даҳонаш даромада, аз гулӯяш газидааст. Заҳри занбӯр шоки анафилактикиро ба вуҷуд оварда, боиси аз кор мондани қалби ин марди сарватманд гаштааст.

Санҷай Капур раиси ширкати овозадори Sona Comstar буд, ки қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол мекунад. Ин бизнесмени ҳиндӣ бо оилаи шоҳбонуи Британияи Кабир дӯстӣ доштаааст ва тез-тез бо одамони машҳур поло бозӣ мекардааст. Аммо бо ин ҳама қудрат миллиардер оқибат аз неши як ҳашароти хурдҷусса зиндагиро падруд гуфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД