formula feb 2025
Миллатдӯстӣ миллатгароӣ нест...
875

Боре дар газетаи “Оила” назарам ба навишатаҳои зани самарқандӣ Мавҷуда Имомхоҷаева афтод. Вай гила аз он дошт, ки баъзе аз нафарон пас аз тарки Ватан кардан (ба муоҷирати меҳнатӣ рафтан) дигар тоҷик будани худро, забони модарии худашонро фаромӯш мекунанд.

Ман ҳам дар муҳоҷират ба чунин ҳодисаҳо дучор омадаам. Инро бештар дар байни он оилаҳое вомехӯред, ки шаҳрвандии кишвари дигарро ба даст овардаанду аз он фахр мекунанд. Аммо Мавҷуда аз он, ки тоҷик аст (ҳарчанд аз Тоҷикистон нест), фахр мекунад ва дигаронро барои он, ки пайравӣ аз миллатҳои ғайр мекунанд, сарзаниш мекунад. Ба фикри ман, ӯ ҳақ аст ва ҳеҷ тоҷике набояд аз миллати худ рӯ гардонад ва фарзандонашро ҳам бояд дар рӯҳияи тоҷикона ва бо расму русуми миллӣ ва фаҳанги миллӣ тарбия намояд. Вагарна, вақте онҳо бузург шуда, асли худро фаҳмиданд, аз онҳо дилмонда мешаванд.

Миллатдӯстӣ ин миллатгароӣ нест ва инро бояд ба онҳое фаҳмонд, ки на аз гузашатю ҳозираи миллати худ, балки бо миллати ғайр ифтихор доранд.

Сафаралии НУРУЛЛО, муҳоҷир

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД