Arzon march 2024
Миҷгон ё боли кабӯтар?
16.10.2022
ОИЛА
1089


Бонуи блогер аз ИМАтаҳти тахаллуси jbosslashes,ки бо миҷгончаспонӣ машҳур гаштааст,ба як мизоҷи худ миҷгонҳои бунафшранг часпонида, роликашро дар TikTok гузоштааст.

Тавре дар навор дида мешавад, миҷгонҳои бону хеле дарозу ғафс буда, то ба абрӯвонаш мерасанд. «Ман хизматрасонии мазкурро ба шарофати зодрӯзи мизоҷам анҷом додам. Бону миҷгони бунафшранг мехост ва ман хоҳишашро иҷро кардам. Ба шумо писанд аст?»-пурсон шудааст бонуи пардозгар. Мутаассифона, дар ҷавоб нафарони зиёде аз ҳолати саломатии мизоҷи ӯ изҳори нигаронӣ намуда гуфтаанд: «Пулҳои бонуро баргардонед», «Ба назар даҳшатовар аст», «Ман гумон кардам чашмони бону беморанд», «Ин боли кабӯтар аст ё миҷгон?”, «Бечора то хонааш рафта расида бошад?» чунин аст шарҳҳои муштариён.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД