goodwell
Миёни дастаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон ҷаласа баргузор шуд
05.06.2026
Oila.tj
93

Дар арафаи бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои миллии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар меҳмонхонаи "Румӣ"-и шаҳри Душанбе ҷаласаи ташкилӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ҷаласа намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин намояндагони мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон иштирок намудаанд.

Зимни нишаст масъалаҳои ташкилии марбут ба бозиҳои дӯстонаи дарпешистода баррасӣ шуда, ранги либоси бозигарон низ тасдиқ гардидааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввал муқобили тими миллии Ҳиндустон бо либоси сафед ва дар вохӯрии дуюм бо либоси сурх ба майдон мебарояд.

Тибқи мувофиқа, ҳар як даста дар ҷараёни вохӯрӣ метавонад то ҳафт бозигарро иваз намояд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 5-уми июн тими миллии Тоҷикистон дар доираи бозии дӯстона бо яккачини Ҳиндустон рақобат мекунад. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Турсунзода баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 20:00 дар назар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД