formula
Метавонам дар ду корхона кор кунам?
734

 

Дар як корхона кор мекунам, маошаш маро қаноат намекунад. Бо ин сабаб мехоҳам, корҳои иловагиро шабона анҷом диҳам. Аммо роҳбари корхона мегӯяд, ки агар кори иловагӣ кунӣ, аз кор озод мешавӣ. Магар ман ҳақ надорам, ки якбора дар ду ҷой кор кунам, то малбағи иловагӣ ба даст оварам?

З.Н., н. Панҷ

Мувофиқи моддаи 228 Кодекси меҳнати ҶТ: Барои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, розигии корфармо аз ҷойи кори асосӣ талаб карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

  1. Ҳангоми ба кор қабул намудани корманд бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, ў ба корфармо бояд ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои дуюм ва чоруми қисми 4 моддаи 26 Кодекси мазкур муайяншударо пешниҳод намояд. Ҳангоми дар дигар ташкилот ба кори вазнин ё кор дар шароити барои саломатӣ зарарноку хатарноки шароити меҳнатӣ қабул намудан бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан бошад, корманд уҳдадор аст, ки дар бораи хусусият ва шароити меҳнат дар ҷойи кори асосӣ маълумот пешниҳод намояд.
  2. Хусусияти дар ду (якчанд) ҷой кор карданро барои категорияҳои алоҳидаи кормандон (кормандони соҳаҳои омўзгорӣ, тиббию дорусозӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Аз ин рӯ, розигии корфармо барои дар ду ҷой кардани номбурда ба истиснои ҳолатҳои манъкунанда, лозим нест. Вале мувофиқи моддаи 42 кодекси мазкур Шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо метавонад бо асосҳои зерин бекор карда шавад.
  • қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо шахси дар ду ё якчанд ҷой коркунанда бинобар қабули шахсе, ки дар ду ё якчанд ҷой кор намекунад;
  • вобаста ба маҳдуд гардонидани кор дар якчанд ҷой, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Хулоса корманд метавонад бе розигии корфармо дар ду ҷой кор кунад (ба истиснои ҳолатҳои манъкунанда), вале корфармо низ метавонад шартномаи меҳнатиро дар ҳолати пайдо шудани корманде, ки дар ду ҷой кор намекунад, шартномаро бо шумо бекор намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД