Дирӯз 10-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 00:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Камолов Сиёвуш Абдураҳмонович, соли таваллудаш 2000, сокини кӯчаи С.Ниёзови шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти маҳаллаи Чашма ба самти шаҳри Норак дар назди Гимназияи шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, автомашинаи мазкур ба ду қисм ҷудо шуда, худи ронанда Камолов С.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
МАНБАЪ: ВКД