Раҳмон Озода Эмомалӣ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарзанди Президенти кишвар :
Қиблагоҳи оқилу одилу донишманду хирадмандам!
Падари азизам! Ифтихорам! Устодам! Роҳбаладу мураббии ғамхорам!
Имрӯз барои мо – аҳли фарзандону наберагон ва пайвандон, як рӯзи пур аз шодмониву саодат аст. Ҷашни бузурги зодрӯзи шумо бори дигар мо – фарзандонро сари як дастархони пур аз навозишу меҳрубонӣ ва шукру сипос ҷамъ овардааст. Зиндагии пур аз нишоту саодати Шумо ва модари меҳрубонамон, давлатсозиву давлатдории ҷавонмардонаву пур аз ифтихори миллиатон барои ҳар яки мо – фарзандону наберагон, мояи ифтихору сарбаландӣ ва дарси ибрат аст.
Падари азизам!
Барои Шумо аз даргоҳи Парвардигор саломатӣ, умри пурбаракат, шодиву нишоти аз ин ҳам бештар, давлати поянда, обрӯву нуфузи ҷовидонаро орзу менамоям.
Бигзор ҳамеша бахту саодат ва сулҳу ваҳдати пойдоре, ки меъмораш Шумоед, дар фазои Тоҷикистони азизи мо баландпарвозӣ кунад.
Мо – фарзандону наберагон, қавл медиҳем, ки мисли Шумо – падари азизам, даст болои дил барои Ватану сарзамин ва халқи азизи Тоҷикистон содиқона ва бо виҷдони пок хизмат хоҳем кард.