Formula novemver 2024
Меҳрафрӯзамро ёбед, илтимос!
12808

Баробари хондани хабари гум шудани Меҳрафрӯзи Холмирзои 19-сола, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштааст, зуд ба рақамҳои 904 - 08 - 36 - 34, ки  дар зери расм буд, дар тамос шудам.

Гӯширо модари ин духтарак бардошт. Ӯ баробари ҳарф задан беист гиря мекард. Ин модари бечора аз 4 - уми апрел то имрӯз аз ғами дурии духтараки зебою яктояш зор - зор мегиряд. Бино ба гуфтаи ин модари бечора, духтараш Меҳрафрӯз дар курси аввали шуъбаи ғоибонаи яке аз факултаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекардааст. Меҳрафрӯз ҳамроҳи модараш дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳайси лаборант кор карда, зиндагиашонро пеш мебурданд.

 

Рӯзи 4-апрел Меҳрафрӯз либоси зебои чакан ба бар карда, ҳамроҳи дугонаҳояш ба базми гулҳои Боғи ба номи С. Айнӣ рафту дигар барнагашт. Модараш зимни суҳбат гуфт, ки "духтарам бомаънию сархам буд ва аз даҳонаш гап намебаромад. То ба ин рӯз бо ягон бачаи бегона гап заданашро надида будам. Агар бовар накунед омада аз ҳама ҳаққу ҳамсоя ва ҳамкоронамон пурсед".

 

Сомонаи "Оила" аз он нафароне, ки ин духтаракро дар ҷое дидаанд ва ё дар борааш чизе медонанд, хоҳиш менамояд, ки ба рақамҳои боло тамос гиранду дар ёфтани Меҳрафрӯз ба модари ҷигарсӯхтааш ёрӣ расонанд.

P. S: Сӯҳбати видеоии моро бо модари Меҳрафрӯз пагоҳ дар ютуб - канали "Оила" тамошо кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД