Меҳмонхонаи “Sun Cruise Resort & Yacht” дар шаҳри Каннини Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир буда, дар шакли киштӣ сохта шудааст.
Меҳмонхона киштишакл бошад ҳам, дар хушкӣ, дар баландии қулла бунёд шудааст.
Он 165 метр дарозӣ ва 45 метр баландӣ дошта, яке аз маконҳои сайёҳии Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Меҳмонхона дорои 211 хуҷра, 6 тарабхона, майдонҳои голфу волейбол, толори машқи бадан, ҳавзи шиноварӣ ва караоке-бар буда, ҳамчунин, барои сайру гашти меҳмонон кӯли обаш шаффоф ва боғи зебо низ дорад.