Тибқи иттилои сомонаи vedomosti.ru, айни замон баландтарин меҳмонхонаи ҷаҳон бо номи “Ciel Dubai Marina” дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб қомат афрохтааст.
Баландии он 377 метрро ташкил дода, аз 82 ошёна ва 1004 ҳуҷра иборат аст.
Тавре гуфта мешавад, сохтмони ин меҳмонхонаи панҷситорадор панҷ сол идома ёфта, барои бунёдаш 540 миллион доллари ИМА харҷ гардидааст.