Formula novemver 2024
Меҳмони сиёҳпўш (ҚИСМИ 2)
1588

Илҳом аз тахти арўсӣ ҷаста фаромада, ба зану кӯдаконаш наздик шуду ба миёни Ҳалима чанд лагад зад. Духтаронаш “дадаҷон” гўён, ба ў часпиданд, вале ин ноҷавонмард тифлаконро аз худаш дур мекард.

Аз куҷое кормандони милиса пайдо шуданду Ҳалимаро аз зери шаттаи домод халос карда, ба шуъбаи милиса бурданд. Ҳалима мегиристу мегуфт:

- Майлаш, маро ҳабс кунед, фақт иҷозат диҳед, духтараконамро ёфта, ба деҳа фиристам, намехоҳам онҳоро ба хонаи бачаҳо супоранд.

Сардори ҳамон минтақае, ки тўй барпо шуда буд, Ҳалимаро наздаш хонда, гуфт:

- Апаҷон, ҳеҷ кас шуморо ҳабс намекунад, духтаронатонро ҳам ба хонаи бачаҳо намефиристад. Шуморо барои авбошии хурд ҷарима мекунанд, ман ин маблағро аз ҳисоби худам месупорам. Хавотир нашавед, шуморо бо фарзандонатон ҳозир ба деҳа гусел мекунам, вале ваъда диҳед, ки дигар ин корҳо такрор намеёбанд.

Ҳалима бо алам гирист. Дар берун ӯро духтараки зебое, ки дар бар либоси варзишӣ дошт, мунтазир буд. Духтараконаш дар бар либосҳои зебо ҳамроҳи ў шоду хандон мунтазири модар буданд. Духтар ба Ҳалима даст дода гуфт:

- Ман Парвин, арўсе, ки шумо тўяшро вайрон кардед,- Ҳалима сарашро хам карда гуфт, -маро бубахш, хоҳарҷон, агар Илҳомро дўст медорӣ, бароят бахт мехоҳам. Ин иштибоҳе буд, ки кардам…

Парвин Ҳалимаро ба мошинаш шинонда, ба хонааш бурд, ў дар як хонаи зебои сеҳуҷрагӣ танҳо зиндагӣ мекард. Духтарак қиссаи зиндагии талхашро ба Ҳалима ҳикоят кард.

- Апаҷон, маро баъди вафоти падарам аз семоҳагӣ бибии модариям ба воя расонидааст. Вақте бибиям аз олам гузашт, ман сенздаҳ сол доштам. Модарам маро ба хонаи худаш бурд, зеро тағову янгаам маро дигар дар хонаашон роҳ доданӣ набуданд. Шавҳари модарам сарватманд буд, ду писарашро аз зани аввалаш, ки фавтида буд, зан додаву хонаҳояшонро ҷудо карда буд. Модари ман барояш ду духтарак таваллуд кард, дар ҳавлии сеошёнаи ба қаср монанди модарам нафасам мегирифт. Модарам ба ман чандон меҳрубон набуд ва ба ёди модаркалонам дилам гум мезад. Аммо тоқат мекардам, мактабро дар як литсейи бонуфуз бо баҳои аъло хатм карда, бо дониши худам ба донишгоҳи бонуфузе дар риштаи иқтисод дохил шудам. Падарандарам бо ман кам гап мезад, кӯшиш мекардам ба чашмаш нанамоям, аммо…

Як шаб модарам ба хонаи ҳамсоя ба нишасти занонае рафт. Хоҳараконам хоб буданд, ман ҳам хостам хоб кунам, аммо дидам, ки дар хонаи хоби модарам телевизор кор мекунад, онро куштанӣ даромадаму дидам, ки филми хубе рафта истодааст. Ғайриихтиёр болои рахти хоби онҳо дароз кашидаму кино тамошо кардам, ҳамон ҷо хобам бурдааст…

Бедор шуда, худро дар оғўши падарандарам дидам, талошҳои ман барои халосӣ фоидае накарданд ва он нокас доманамро доғдор кард. Модарам хеле дер омаду ман бо гиря ҳама гапро ба ў гуфтам, падарандарам ҳама гуноҳро ба сари ман бор карда гуфт:

- Худаш бо либосҳои шабпўшӣ назди ман омада, дар оғўшам даромад.

Модарам аз мани дар ҳолати шок қарордошта пурсид:

- Ту худат ба хонаи хоби мо омадӣ?

Ман “ҳа” гуфтам. Бо либосҳои шабпўшӣ? Боз “ҳа” гуфтам ва ў маро зери мушту лагад гирифт.

Субҳи дигар ман он ҳаромхонаро тарк кардам, аммо худро ба даст гирифта, донишгоҳро тамом кардам. Кор кардам, бо ёрии як зани тоҷир, ки қиссаи маро хуб медонист, ба тиҷорати либосҳои занона даст зада, муваффақ шудам. Бо Илҳом дар як тарабхона вохўрдам, қиссаи талхи зиндагиямро барояш гуфтам, ў гуфт, ки аз занаш бо сабаби бефарзандӣ ҷудо шудааст. Маро бубахшед…

Аз ин ҳодиса даҳ сол сипарӣ шуд, Ҳалима бо ёрии Парвин дар деҳа тиҷорати худро кушод, имрўз тоҷири муваффақ аст. Парвин бо марди хубе оиладор шуда, соҳиби духтараке шуду ҳоло бо Ҳалима мисли хоҳарони ҳамхун муносибат мекунанд. Илҳом бошад, шаш зан гирифту хушбахт нашуд.

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД