Ба Ҳалима хабар оварданд, ки Илҳом имрўз дар тарабхонае тўйи арўсӣ дорад, бо духтари ҷавоне ҳамхона мешавад. Чашмони ҷавонзан сиёҳӣ заданд, сараш чарх зад, агар зуд ба рўйи поймонаки бетонии назди дари бародараш наменишаст, шояд меафтид.
Ҳалимаву Илҳом ба қавли модаркалони Илҳом бо ишқи ҳиндуёна ба ҳам ақди никоҳ бастанд. Ҳалима аз Илҳом се сол калон буд, қоматаш паст, зардинаи на он қадар зебо, вале дили бачаи хушрўи кўчаашонро бурда буд. Ҳалима мўйҳои дарози зард дошт, ки беш аз ҳама ба Илҳом писанд буданд. Падару модари духтар тақводору баобрў буданд, ҳаргиз намехостанд духтарашонро ба Илҳоми эркаи бобову бибӣ диҳанд. Илҳом хеле хурд буд, ки волидонаш аз ҳам ҷудо шуданд, падараш тоҷир буду баъди модари Илҳом зани ҷавон гирифта, зиндагии нав оғоз кард. Илҳомро бибиву бобои падарияш ба воя расониданд, пиру кампир як бало карда, Ҳалимаро келин карданд. Баъд аз тўй падари Илҳом ба онҳо дар пойтахт ҳавлии зебое тўҳфа кард ва ҷавонон зиндагиро дар шаҳри калон оғоз карданд. Бибиву бобои Илҳом бо хотири ҷамъ оламро падруд гуфтанд, Илҳом дар пойтахт тарабхонае кушоду кораш омад кард. Зиндагии шоистае доштанд ҷуфти ошиқ, пайи ҳам ду духтаракаш ба дунё омаданд. Ҳалима хонанишин буд, Илҳоми сарватмандшуда бошад, акнун ба зани зардаки харобаки назарногираш ба назари дигар баҳо медоду маъшуқаҳои зиёде дошт. Ҳалима ба шавҳари чорпаҳлўи зебояш нигариста, шукрона мекард, ба шаб дер омаданҳо ва гапу хабари мардум аз пушти панҷааш менигарист, аммо як рўз Илҳом гуфт, ки зан мегирад. Ҳалима ҷанг карду гирист, бо худкушӣ шавҳарашро тарсонд, аммо Илҳом гуфт:
- Куштан гир, хоҳӣ нахоҳӣ, ман зани дуюм мегирам.
Ҳалима ба ҳамаи ин тоқат кард, зеро намехост кўдаконаш пеш пеши пои амаку тағо шаванд, вале як рўзи дигар Илҳом иброз дошт, ки ба духтари як калоншаванда хонадор шуданисту маҳбубааш шарт гузоштааст, ки аз зани аввалаат тамоман ҷудо шав. На гиряҳои Ҳалима ба гўши Илҳом медаромаданду на аз фарзандонаш, ў онҳоро ба деҳа бурду як пора замин харида, ваъда дод, ки барояшон хона месозад. Ин номардии шавҳар Ҳалимаро касал кард ва шаш моҳ рўйи ҷогаҳ монд. Падару модараш вафот карда буданд, янгаву акааш то метавонистанд ўро тасалло медоданд, аммо зани ҷафодида мегиристу мегирист. Пораи замини харидаи Илҳом интизори иморатандози дурўғгў буду Ҳалимаву фарзандон дастнигар…
Акнун як хеши дури Илҳом хабари тўйи ўро овард, Ҳалима ба бозори маркази ноҳия рафта, матои сиёҳеро харидорӣ намуда, барои худашу ду духтаракаш либос дўхт ва субҳи барвақти рўзи тўйи шавҳараш ба пойтахт сафар кард. Ба назди тарабхонаи шинос рафта, интизори омадани келину домод истод. Ҳама ба ин хонуму ду тифлаки сар то по сияҳпўши ў менигаристанд, баъзеҳо тоқат накарда, сабаби ин гуна либос пўшидани онҳоро мепурсиданд, ба ҳама ҷавоб як хел буд:
- Шавҳарам вафот кардааст…
Баъди интизориҳои зиёд домоду арўс омаданд ва зери гулборону суруди ёр- ёр ба тарабхона ворид шуданд,. Ягон касро ба дарди дили ду тифлаку модари онҳо коре набуд, мардум мерақсиданду шодӣ мекарданд. Ғамовартараш он буд, ки байни меҳмонон хешу таборон ва дўстоне низ буданд, ки Ҳалимаро хуб мешинохтанду аз дасташ намак хўрда буданд.
Ҳалима то авҷи тўй мунтазир шуду баъд вориди тарабхона шуд, дар назди дар касе набуд ва касе даромадани меҳмонҳои сиёҳпўшро надид. Ҳалима пеш пешу Шаҳлову Шифо аз қафо ба ҳофизаи хушсадо наздик шуд.
Ӯ баландгўякро ба даст гирифт, мўсиқӣ хомўш шуд, як лаҳза ҳама ба саҳна чашм дўхтанд. Ҳалима гўё нақши фоҷиавие мебозида бошад, ба сухан сар кард:
- Салом, меҳмонони азиз ва арўсаки кучулу… Ман шуморо табрик мегўям, аммо арўсак ту бидон, ки рўзе аз дасти ин номард дар кўча мемонӣ! Хиёнаткор ҳамеша хиёнаткор мемонад, домоди имрўз ба ту ваъдаи бахтдода чанд сол пеш ба норизогии волидони ман нигоҳ накарда, маро хушбахт карданӣ буд. Имрўз ман азодорам, шавҳари ман ва падари ду духтаракам аз олам гузашт.
Нисо ХОЛИД