Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳазорон “маъюби қалбакӣ” хабар дод. Бино ба иттилои Агентӣ як комиссияи муштарак тайи ним соли гузашта 4 ҳазор нафақахӯри маъюбро дар суроғаи зисташ пайдо карда, натавонист.
Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа зимни нишасти матбуотӣ гуфт, санҷиши муштараки Агентӣ ва Вазорати тандурустӣ ин мавридҳоро танҳо дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Кӯлоб, Фархор ва Хуҷанд ошкор кардааст.
“Ҳадафи мо боварӣ пайдо кардан ба ин аст, ки нафақахӯри маъюб воқеан вуҷуд дорад ва нафақаро дуруст дастрас мекунад. Ин як раванди хеле мушкил аст. Дар деҳаҳо мардум якдигарро мешиносанд ва маълум кардани шахсияти нафақахӯр осонтар аст. Аммо дар шаҳр ин кор мушкилӣ дорад”, - гуфт Дилмурод Давлатзода.
Ба гуфти ӯ дар Тоҷикистон аз соли 2014 ин тараф комиссияи муштараки Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати расмӣ кардани ҳуҷҷатҳои нафақа роҳандозӣ шудааст. Ин комиссия ба он хотир таъсис ёфт, ки дар солҳои 1990 – 2000 шумораи зиёди одамон, ҳатто нафарони сиҳатманд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дороии маъюбиро ба даст оварда, аз буҷаи давлат маблағ дарёфт мекарданд.
Тибқи иттилои Агентӣ то 1 июли соли равон дар Тоҷикистон 150 ҳазору 919 нафақахӯри маъюб сабт шудаанд ва аз соли 2014 ба ин сӯ 93 ҳазору 521 нафари онҳо мавриди санҷиш қарор гирифта, гуруҳи маъюбии 19 773 нафараш тасдиқ нашудааст, Яъне онҳо худро бардурӯғ маъюб нишон дода, аз давлат нафақа мегирифтанд.