Дар қисмати шарқии кишвари Хитой ҳазорҳо адад моҳиҳо баъди нӯшидани май ба рӯйи кули Сзян баромаданд. Майи аз биринҷ омодашуда ба обанборе, ки дар музофоти Шаосин ҷойгир аст, ворид гардида, бо оби кӯл омехта шудааст. Бар асари сар задани сӯхтор машрубот ба кӯли мазкур ворид гашта, дар натиҷа моҳичаҳои тиллоӣ, сом ва дигар намудҳои моҳиҳо осеб дидаанд. Ба назди кӯли мазкур дарҳол моҳидорони зиёде ҷамъ шуда, аз вазъият истифода бурданд. Мақомоти кишвар нақша доранд, ки танҳо баъд аз пурра рӯйи об баромадани моҳиҳои осебдида аз пайи тоза кардани оби кӯл мешаванд.