Sebiston new 2024 october
Маслиҳати хушдоман
04.02.2023
ОИЛА
1474

 

 

Хонандагони азиз! Гӯшаи “Маслиҳати хушдоман” барои ҷавононе таҳия мегардад, ки ба тозагӣ оила бунёд кардаанд. Мо тасмим гирифтем, дар гӯшаи мазкур андешаҳои бонувони машҳури кишварро, ки худ таҷрибаи бойи зиндагӣ доранду аллакай хушдоман ҳастанд, дар боби оиладорӣ ва нозукиҳои зиндагии заношавҳарӣ манзури шумо гардонем.

 Моҳпайкар Ёрова:

   Волидон бояд барои фарзандон идеал бошанд!

 Меҳмони нахустини мо, ҳунарманди кино ва театр, бонуи ҳунар Моҳпайкар Ёрова мебошанд. Мо ба ҳунарманди маҳбуб бо як савол муроҷиат намудем:

-Мутаассифона, солҳои охир ҷудошавии оилаҳо хеле зиёд мушоҳида мешавад, ки дар бештари маврид ҷавонон баъди чанд моҳи зиндагӣ аз ҳам ҷудо мешаванд. Ба андешаи шумо сабабҳои пошхӯрии оилаҳо ва афзоиш ёфтани сатҳи оилавайронӣ дар чист? Оё мо метавонем омилҳои вайроншавии оилаҳои ҷавонро, ки имрӯз ба доғи ҷомеа табдил ёфтааст, пешгирӣ намоем?

 Ғами вайрон нашудани оилаи ҷавонро пеш аз ташкил кардани он хӯрдан лозим аст. Дар синни ҳаждаҳ, бистсолагӣ оиладор намудани ҷавонон, хатои аввали волидайн аст. Зеро дар ин синну сол онҳо барои издивоҷ тайёр нестанд. Хоса духтарон бояд ҳунарҳои хонадориро, ки хоси ҳар як зани тоҷик аст, омӯзанд то дар хонаи шавҳар азоб накашанд.

Ҷавонписарон бошанд, диплому ҷойи кор ё ҳунаре дошта бошанд, ки аз уҳдаи хӯрондану пӯшондани аҳли байташон бароянд. Як чизи муҳими дигар донистани тарзи зиндагии он оилае мебошад, ки аз он ҷо келин мегирӣ ё духтаратро ба он хонадон ба арӯсӣ медиҳӣ. Бо маслиҳату машварати волидону шиносоӣ оила барпо кардан лозим аст.

Ҷавонон бояд аз фарҳанги хонадорӣ бохабар бошанду ҳурмату эҳтироми якдигар ва пайвандони ҳамдигарро ба ҷо биёранд. Фарҳанги хонадориро ягон дабистону донишгоҳ ба мо омӯхта наметавонад, онро ҳар кас дар оилааш дида, ёд мегирад. Аз ин рӯ, волидонро зарур аст, ки худашон барои фарзандон идеал бошад. Донишу ҷаҳонбинии васеъ низ дар маҳкам мондани оила хеле ва хеле зарур аст.

Хеле бад аст, ки пушти пардаи сиёҳи талоқ кӯдакони маъсум мемонанд, ба хотири ояндаи фарзандон бояд ба каму кости зиндагӣ сабр кард. Ба хотири як монеаи ночиз оилаи навсохти хешро вайрон кардан камоли беақлист, хушбахтии ҳар нафар дар дасти худи ӯст. Калонсолон бояд дар роҳи ҳаёт ҳидоятгари насли ҷавон, фарзандони хеш бошанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД