arzon replenishment
МАЪШУҚА ОШИҚРО "ШАНТАЖ" КАРДУ....
1652


Бузургтарин неъмате, ки худованд барои инсон ато намудааст, ишқу муҳаббат мебошад. Шоири зиндаёди тоҷик, устод Лоиқ Шералӣ беҳуда нагуфтааст:
Беҳтарин ганҷе, ки одам ёфт, гар симу зар аст,
Беҳтарин ганҷе, ки гум кард ӯ муҳаббат будааст.
Дар ҳақиқат ишқу муҳаббат беҳтарин ва қиматтарин ганҷи олам буда, на ба ҳар шахс муяссар мегардад, аммо афроди тирадил ва тирамағзе ҳастанд, ки бо рафтору кирдори нопокашон ба номи неки ишқ иснод оварда, тамоми ошиқонро бадном месозанд. Рафтори як зани исфарагии ғуломи нафс гашта далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани исфарагӣ бо гумони тамаъҷӯӣ хабар додааст. Тавре ки манбаъд мегӯяд, ин ҷавонзани 32-сола бо як ҷавонмарди маҳаллӣ муносибатҳои ошиқона доштааст, аммо пас аз чанд мулоқоти ширини ошиқона зан ба ошиқаш дом гузошта, ба “шантаж” кардани мард сар мекунад. Ин маъшуқаи баднафс таҳдид намудааст, ки агар Маҷнуни сонӣ ба вай 22 ҳазору 824 сомонӣ надиҳад, асрори ишқу ошиқиашонро дар ҳама ҷо фош намуда, мардро дар байни мардум шармандаву шармсор месозад. Бо роҳи “шантаж” ин зани баднафс тамоми занҳои тоҷикро баднм намуда, соҳиби пули муфт гаштан мехост, аммо тираш хок хӯрда ба чанги кормандони мақомоти милиса афтид. Акнун ин Лайлии ҳиллагар барои амали норавои худ дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД