Arzon march 2024
Масъалаи тақдири минбаъдаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳал мешавад
549

Салом! Ману бародарам беш аз 10 сол аст, ки зиндагии худро бо як пора нони аз муҳоҷират меёфтаамон пеш мебарем, вале ростӣ, имсол аз сафар кардан ба Русия каме ҳарос дорем. Сабабаш он наворҳое мебошанд, ки ҳамарӯза дар интернет паҳн мешаванд. Дидани он ки ҳазорҳо нафар тоҷиконро дар сарҳад боздошта, барои ба қаламрави Россия ворид шудан иҷозат намедиҳанд, дар дили мо тухми шубҳа коштааст, ки ба Русия коркунӣ равем ё не? Илтимос, бигӯед, ки масъалаи муҳоҷирон ба наздикӣ ҳалли худро меёбад ё не?

САМАД, н. Шаҳринав

Посух:

- Умед аст, ки ин масъала ба зудӣ ҳалли худро меёбад, зеро рӯзи 28-уми май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии кишварҳои СНГ баргузор хоҳад гашт. Дар ин ҷаласа масъулини мақомотҳои муҳоҷиратии Россия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои СНГ масъалаи авзои муҳоҷират ва тақдири минбаъдаи муҳоҷирони меҳнатиро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Қобили қайд аст, ки дар ҷаласа ба ғайр аз роҳбарони мақомотҳои муҳоҷиратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳамчунин намояндагони кишварҳои дигар аз қабили Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ширкат варзида, роҳҳои ҳалли мушкилоти дар самти муҳоҷират ҷойдода ва беҳтар намудани шароити зисту зиндагии муҳоҷирони меҳнатиро ҷустуҷӯ менамоянд. Дар ин ҷаласа қонунҳои нави муҳоҷиратӣ, сатмҳои асосии муҳоҷират ва тақдири минбаъдаи муҳоҷирони меҳнатиро ҳал хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД