arzon replenishment
МАРЗИ МУСИҚӢ. АЛИҶОН НАМЕТАВОНАД, ДАР ТӮЙҲОИ ТОҶИКИСТОН ОВОЗХОНӢ КУНАД
5185

 

Алиҷон Қосимов, овозхони тоҷиктабори Қирғизистон, то баста шудани марзҳои ду кишвар ба маҳфилу маъракаҳои зиёде дар вилояти Суғди Тоҷикистон даъват мешуд. Баъд аз ин, ӯ муддате дучори мушкили иқтисодӣ гашт.

Қосимовро бештар ба тӯйҳои маҳаллӣ дар Хуҷанду Ҷаббор Расулов даъват мекарданд. Моҳе дар 2-3 тӯй ширкат мекард ва ҳам ба чорабиниву барномаҳои телевизионӣ меомад. Ба ғайр аз ин, ба дидорбинии хешовандонаш мерафт. Акнун бо онҳо танҳо тавассути телефон дар суҳбат аст.

Алиҷон дар суҳбат бо “Оила” тариқи WhatsApp гуфт, баъди манъи омадурафт муддате азият дид, чун шумори маъракаҳо камтар шуданд, вале талош кард вориди бозори ҳунари Қирғизистон шавад. Ӯ мегӯяд, ҳамроҳ бо фарзандонаш дар оғози ин кор ҳамкориро бо сарояндагони қирғиз ба роҳ монда, ба репертуараш таронаҳои қирғизиро низ ворид кард.

“Вақте ки одам ҳунар дорад, хор намешавад. Хушбахтона, истеъдоди ман буд, ки тамоман бекор намондам. Ҳарчанд омӯзгорам, аммо манбаи аслии даромадам тӯйҳои мардум аст. Бинобар ин, каме азоб кашидам, аммо роҳашро ёфтаму ҳоло бештар аз пеш ба тӯйҳо меравам”, - гуфт ӯ

Акнун Алиҷон ҳамроҳ бо ду фарзандаш Ҳайдарқул ва Фирдавс дар ҳайати ансамбли хонаводагии “Ҳайдариён” дар тӯю маросимҳои мардуми Қирғизистон иштирок мекунанд. Бародари калониаш Нарзулло Қосимов низ ҳамроҳи фарзандонаш аъзои ансамбланд.

“Бародараму фарзандонаш ва ману фарзандонам ба роҳи санъат рафтем. Ансамбли хонаводагӣ дорем ва дар бештари тӯю маъракаҳои мардуми ин ҷо (Қирғизистон - идора) хизмат мекунем”, - гуфт ӯ.

Алиҷон мегӯяд, то замоне, ки марзи ду кишвар боз буд, ба Тоҷикистон омаду рафт дошт. Баъди ин равуо манъ шуд ва ӯ дигар натавонист робитаашро бо ҳамтоёни тоҷикаш идома диҳад.

“Бори охир ба 80-солагии зодрӯзи амакам Карим Қосимов рафта, сурудхонӣ кардам. Ин тахминан соли 2018 буд. Ҳамагӣ чанд рӯз истода, зодрӯзи устодро гузаронидему баргаштем”, - гуфт ӯ.

Чун мушкили мазкур сар зад, ӯ ба доираи ҳунарии Қирғизистон бештар роҳ ёфт. Акнун бо гурӯҳаш дар қаламрави ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва берун аз он, ҳатто дар Бишкеку Ӯш барои ҳаводорони созу сурудҳои тоҷикӣ барномаҳои консертии худро доир мекунанд ё ба тӯйҳояшон мераванд.

photo_2023-12-21_11-06-54

Ба гуфтаи ин овозхони тоҷики муқими Қирғизистон, ансамбли ҳунарии онҳо дар фестивалҳои зиёд ширкат карда, дар тарғиби созу навои тоҷикӣ дар ин кишвар саҳми худро мегузорад.

“Ман ҳеҷ гоҳ фонограмма насароидаам ва ба фарзандонам низ иҷозат намедиҳам. Писари калониам санъаткори касбист, зеро дар Ӯш ихтисоси суруду мусиқӣ мехонад. Писари дуюмам аз хурдӣ ҳамроҳи ман мегардад. Ҳамеша зинда месароем ва кӯшиш мекунем, ки санъати асили тоҷикро намоиш диҳем. Ансамби хонаводагии мо ягона ансамбли сабтшудаи оилавии тоҷикон дар Қирғизистон аст”, - гуфт ҳамсуҳбатамон.

Дар баробари Алиҷон Қосимов имрӯз дар Қирғизистон овозхонҳои дигари тоҷик Бобурҷон Шарофиддинов, Дилуфар ва Мамлакат Ҳаитбоеваҳо, Манзурахон Ҳусейнбоева, Ҷамшед Қосимов ва чанди дигар низ фаъолият мекунанд, аммо Алиҷон бо овозхони касбӣ будан тафовут дорад.

Ҷамшед Қосимов, овозхони дигари тоҷиктабори Қирғизистон, дар суҳбат гуфт, Алиҷон Қосимов барояш ҳаққи устодӣ дорад ва маҳз бо роҳнамоиҳои ӯ овозхон шуд.

“Новбаста ба он ки роҳҳо маҳкам шуданд, устод тавонистанд корашонро дар ин ҷо (Қирғизистон, идора) ҳам идома диҳанд. Баъзан мо шогирдонро ҳамроҳашон ба тӯй мебурд ва маҷбур мекард, ки зинда сароем, то нагӯянд, ки тоҷикҳо сохта мехонанд. Устод бисёр меҳнатианд ва маҳз истеъдодашон он касро ҳеҷ гоҳ бекор намондааст”, - гуфт Ҷамшед.

Алиҷон Қосимов 15 майи соли 1969 дар деҳаи Андарақи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд таваллуд шудааст. Дар ин деҳа беш аз даҳ ҳазор кас зиндагӣ мекунад, ки аксарият тоҷиканд. Алиҷон акнун тӯйҳои ин мардум ва маҳфилҳои хурсандии онҳоро обод мекунад.

Қосимов мактаби деҳаи мазкурро бо забони тоҷикӣ хатм кардааст. Мегӯяд, ҳанӯз аз замони мактабхонӣ ба санъату ҳунар майл дошт ва худро шогирди амакаш Карим Қосимов, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Аълочии маданияти Иттиҳоди Шӯравӣ медонад. Мегӯяд, авлодонаш зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғданд.

Пас аз хатми мактаби миёна солҳои 1986 то 1990 дар Институти педагогии Душанбе ба номи Т. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) аз рӯи ихтисоси суруд ва мусиқӣ таҳсил кард. Баробари таҳсил дар маҳфилу чорабиниҳо сарояндагӣ низ мекард.

Баъди хатми донишгоҳ аз соли 1990 то 1993 тибқи роҳхати Вазорати маорифи кишвар дар мактаби №10-и деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Пролетари вилояти Ленинобод (ҳоло ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд) ҳамчун муаллими фанни суруд ва мусиқӣ машғули омӯзгорӣ буд.

Чун дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ӯ ба зодгоҳаш рафт ва аз соли 1993 то имрӯз дар мактаби деҳаи Андарақи ноҳияи Лайлак муаллими суруду мусиқӣ аст. Алиҷон мегӯяд, бо забонҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ тарона мехонад ва кӯшиш мекунад, ки бештар шеърҳои тоҷикиро оҳанг баста сарояд.

“Худам ба шеърҳо оҳанг мебандам ва кӯшиш мекунам шеърҳои маънидору соҳибвазнро интихоб кунам. Бо шоирони тоҷики муқими Қирғизистон ва Созмони тоҷикони Қирғизистон ҳамкории зич дорам”, - гуфт ӯ.

Алиҷон ба ёд овард, ки пештар бо чанде аз сарояндагони хуҷандӣ, чун Ғолибҷон Юсупов, Анвар Қосимов ва ансамбли шашмақомсароёни “Нури Хуҷанд” ҳамкорӣ дошт ва махсусан аз роҳнамоиву маслиҳатҳои овозхон Ҷӯрабек Муродов бархӯрдор аст.

“Устодон Ҷӯрабек Муродов ва шодравон Боймуҳаммад Ниёзов дар самти шашмақомсароӣ дастгирӣ мекарданд. Нозукиҳои ин навъи санъатро меомӯзониданд ва ҳангоми сароидан иштибоҳҳоямро мегуфтанд. Онҳо бароям устоданд. Пештар ширкати радиову телевизиони “Тироз” як лоиҳа дошт, ки он ҷо сарояндагон иштирок карда, аз эҷодиёти худашон сурудҳо мехонданд. Лоиҳа моҳе як маротиба доир мешуд ва ман ҳам қариб дар ҳамаи нашрҳо ширкат мекардам. Ҳамкориамон бо сарояндаҳои тоҷик он ҷо боқувваттар шуд. Ҳамзамон, баъди ин аллакай дар вилояти Суғд маро ба тӯйҳои зиёд даъват мекарданд. Дар маҷӯъ, дар Тоҷикистон бисёр будам”, - мегӯяд ӯ.

Ғолибҷон Юсупов, овозхони тоҷик, ки дар шимоли кишвар фаъолият мекунад, лаҳзаҳои ҳамкориашонро бо Алиҷон ба ёд оварда, гуфт, “мавсуф заҳмати зиёд кашид, то санъати асили тоҷикӣ дар кишвари ҳамсоя хор нашавад”.

“Акаи Алиҷон ҳунарманди бисёр хуб аст. Зиёд заҳмат мекашад ва пайваста меомӯзад. Пештар вақте ба Хуҷанд омадурафт дошт, таронаҳояшро ба мо нишон мдод. Ҳарчанд мегуфтем, ки шумо устод ва овозхони касбиед, мо бояд аз шумо маслиҳат гирем, аммо хоксорӣ мекарданд. Ҳамин хоксориву меҳнатдӯстиашон буд, ки имрӯз ҳатто дар Бишкек он касро мешиносанд. Умед дорам, ки боз ҳамроҳашон кор мекунем дар оянда”, - гуфт овозхон.

Алиҷон барои хидматҳо дар самти густариши муносибатҳои фарҳангии ду кишвар бо унвонҳои ифтихории “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” ва “Аълочии маданияти Қирғизистон” сарфароз гардонида шудааст. Ҳмзамон, аз ду кишвар диплому ифтихорномаҳои зиёд дорад.

Алиҷон умед дорад, ки мушкили марз ҳал шуда, роҳҳо дигарбора боз мешаванд ва ӯ ҳам шодишарики мардуми Суғд мегардаду ҳам ба дидори хешовандонаш мерасад.

Тоҷикистону Қирғизистон 970-980 километр сарҳад доранд ва беш аз шашсад километри он маълум аст. Баҳсу суҳбатҳои ду тараф барои созиш ва сипас тасвиру таъйин ва нишонагузории қитъаҳои баҳсӣ ҷараён дорад.

Солҳои 2021 ва 2022 сокинони минтақаҳои наздимарзӣ шоҳиди задухӯрди мусаллаҳона буданд, ки бар асари он аз ду тараф даҳҳо нафар ҷон бохта, чанди дигар захмӣ шуданд. Вале ҳоло баъди гуфтугӯҳои бардавом ду ҷониб изҳорот доданд, ки беш аз 90%-и хати сарҳади давлатиро муайян кардаанд.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Оила”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД