arzon replenishment
Маҳрум шудан аз ҳуқуқи падарӣ чӣ оқибат дорад?
26.06.2023
ОИЛА
665

 

Маҳрум намудани падар аз ҳуқуқи падарӣ ба кадом оқибатҳо мерасонад? Оё чунин падар аз пардохти алимент ба фарзандаш озод мешавад ё не?

Аслия, шаҳри Ҳисор.

Мувофиқи талаботи моддаи 71 Кодекси оила падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд аз тамоми ҳуқуқҳое, ки дар асоси далели хешӣ бо кӯдак муайян шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани таъминот (моддаи 88 ҳамин Кодекс) аз кӯдаке, ки нисбати вай аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидаанд, инчунин аз ҳуқуқи имтиёзоту ёрдампулиҳои давлат, ки барои шаҳрвандони фарзанддор муқаррар шудаанд, маҳрум мегарданд.

Зимнан, махсус ёдрас менамоем, ки маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ онҳоро аз вазифаи таъмин кардани фарзандашон озод намекунад. Бо ҳамин асос, падаре, ки аз ҳуқуқи падарӣ нисбати кӯдакаш маҳрум шудаст, ӯҳдадор аст, ки то ба синни балоғат расидани кӯдакаш алимент пардохт намояд.

Кӯдаке, ки нисбати ӯ падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, ҳуқуқи моликиятро ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, инчунин ҳуқуқи молу мулкии дар асоси далели хешӣ бо падару модар ва хешовандони дигар муайяншуда, инчунин ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД