Sebiston new 2024 october
МАРҶОНАИ ҶОДУГАР Қисми 2
20.03.2024
ОИЛА
1416

«Муъҷиза»-и наъли асп

Субҳ, баъди рафтани ҷавон янгаву қайсингил пулро тақсим карданд ва Рухсора наъли аспу дигар чизҳои аз хонаи ҷодугари ошнояш овардаро ба дасти Марҷона дода гуфт: «Акнун лаҷоми ин хари Фарҳод дар дасти ману туст, ҳар вақт пул лозим шавад, ҳамин наълро рӯйи оташ мемонӣ, пул бо пои худаш ба оғӯшат медарояд!»

Ҷодушуда

Аз байн як ҳафта гузашту Фарҳодро боз хумори оғӯши Марҷона гирифт. Ҷавон аз бозор меваю шириниҳои беҳтаринро харида, бо сумкаҳои пурбор ба хонаи Рухсора равон мешуд.

Рухсора, ки кайҳо наъли аспро рӯи оташ гузошта буд ва беқарор шуда назди Марҷона омадани Фарҳодро пешакӣ медонист, бо дидани ҳамсояи рустамбозӯяш хурсанд гашта бошад ҳам, нозу бозор карда Фарҳодро аз дар даромадан намонд, вале баъди гирифтан маблағи дилхоҳаш чеҳрааш кушода шуда, ҷавонро ба ҳуҷраи Марҷона бурд. Онҳо боз мисли ширу шакар бо ҳам даромехта, шабро дар оғӯши якдигар саҳар карданд ва субҳ Фарҳод бо табъи болида ба кор рафт.

Акнун ин ҷавони муҷарради пулдор зиндагиашро бе ҳамин бевазани кӯдакдор тасаввур карда наметавонист. Вай тайёр буд тамоми дороияшро пеши пои Марҷона резад. Ангуштарину гарданбандҳои тиллоие, ки Фарҳод барои Марҷона ҳадя меовард, ба қавли кампиракон ба хироҷи як мамлакат меарзиданд. Рухсора аз ҳисоби ин ҷавони олиҳиммат бой шуда, хоҳаршӯяш Марҷонаро рӯйи даст бардошта мегашт. Фарҳод бо ҳамсабақаш Мафтуна фотиҳа шуда буд, вале дар байн Рухсораю хоҳаршӯяш Марҷона пайдо шуда, сари бачаро гаранг карданд. Фарҳоди ба доми сеҳру ҷодуи ин янгаву қайсингил афтода, дигар Мафтунаро ба ёд овардан намехост. Хаёл мекард, ки дар дунё аз Марҷона дида зани зеботар нест. Таъсири ҷоду ӯро чунон кӯр карда буд, ки Мафтунаи нозанин дар назараш қурбоққаю Марҷонаи кӯдакдор духтаршоҳи париён менамуд.

Сирри фошгашта

Шоме апаҳои Фарҳод-Маҳтобу Алоҳида ба хонаи падар омаданд, то маслиҳати тӯйро пазонанд. Офтоб кайҳо ғуруб карда бошад ҳам, аз Фарҳод дарак набуд. Маҳтоб ба куҷо ғайб задани додараш Фарҳодро аз янгаҳояш пурсон шуд. Келини калонӣ Сурайё буду шуди гаро ба қайсингилҳояш гуфта дод. Ба бевазани кӯдакдор ошиқ шудани додарашонро шунида, ҳуш аз сари хоҳарон парид. Моҳтобхон аз янгааш гилагузорӣ намуд, ки чаро барвақттар ин гапро ба ӯ нагуфтанд, вале Алоҳида «ҳоло ҳам дер нашудааст, танобашро кашидан лозим» гӯён, апаашро ба чораҷӯӣ водор кард. Апаю хоҳар то субҳ нахобида, Фарҳодро мунтазир шуданд, вале додарашон наомад. Саҳар ҳарду роҳи мағозаи додарашонро пеш гирифтанд. Фарҳод бо табъи болида машғули савдо буд. Маҳтобхону Алоҳида шаб то саҳар дар куҷо буданашро пурсон шуданд. «Кори шумоён чӣ?» дод зад бо ғазаб Фарҳод. «Мо бояд донем, ки ту чӣ номаъқулиҳо карда мегардӣ! Шунидем, ки думи як беваи худозадаро гирифтаӣ?!» паст наомад Алоҳида. «Ҳа, шаб дар назди Марҷонаҷонам будам! Боз ягон гап доред?!»- ба тундӣ ҷавоб дод Фарҳод. «Шарм намедорӣ, охир ту бачаи муҷаррад ҳастӣ, гул барин арӯс дорӣ, наход Мафтуна барин париро монда, бо як зани кӯдакдор гардӣ-а?!»- додарашро сари нанг оварданӣ шуд Маҳтобхон. «Э, ман аз он Мафтунаи маймун безорам. Мефаҳмед, безорам, безор!!! Тӯй пӯй намешавад! Рафта, фотиҳаро гардонед. Ман Марҷонаро ба занӣ мегирам!» Бо шунидани ин сухан аз забони додарашон ҳангу манги хоҳарон канд. Баҳси онҳо хеле тӯл кашид, аммо Фарҳод ба ҳеҷ ваҷҳ аз он фоҳиша даст кашидан намехост. Маҳтобхон дид, ки гапу насиҳатҳояш ба додараш таъсир намекунад, Фарҳодро ба ҳоли худаш монду роҳи дигарро пеш гирифт.

Наъли гӯё

Рухсора меҳмонҳои нохондаро бо табъи гирифта пешвоз гирифт. Моҳтобхону Алоҳида аввал аз Рухсора ба хубӣ хоҳиш карданд, ки додарашонро ба ҳолаш монанд, Фарҳод бояд хонадор шавад, аммо соҳибхона манбаи даромадро аз даст додан нахоста, мағрурона таҳдид кард, ки хонаи ӯро тарк намоянд. Дар айни баҳси онҳо Марҷона наъли калон дар даст аз ошхона баромаду рост ба назди Рухсора омада пурсид: «Янга, инро чӣ хел дар рӯи газ монам?» Рухсора аз фош гаштани сир сахт ба ғазаб омада, ба сари хоҳаршӯяш дод зад: «Галӯ, ҳоло ҳам ёд нагирифтӣ?! Дар болои газ мон, «ҳозир худаш давида –давида меояд!» Алоҳида хост аз гиребони Рухсора гирад, вале Моҳтобхон монеъ шуда гуфт: «Мо ҳам ин муъҷизаро бо чашми худамон дидан мехоҳем!»

Апаву хоҳар Рухсораву Марҷонаро пешандоз карда, ба ошхона бурданд. Маҳтобхон ба Марҷона амр намуд, ки газро даргирон карда, наълро рӯи оташ гузорад. Марҷона аз тарс дарақ-дарақ ларзида, амри апаи Фарҳодро иҷро кард. Наъли асп оҳиста-оҳиста гарм ва сурх шуда тафсид. Ин ҳангом Фарҳод бо дастовез аз дарвоза даромад. Бо дидани ин манзара апаю хоҳар бовар ҳосил намуданд, ки сеҳру ҷоду гапи кампиракону афсона набудааст.

Алоҳидаю Маҳтобхон янгаву қайсингили ҷодугарро дашномҳои болохонадор дода, додарашонро бо худ бурданӣ шуданд. Рухсора хост монеъ шавад, вале Моҳтобхон бо шаст ӯро чунон тела дод, ки мувозинаташро гум карда, ба болои газ сарозер афтид. Наъли тафсон ба рӯяш часпиду фиғони ҷавонзани ҷодугар ба фалак печид. Рухсора арросзанон апаҳои Фарҳодро дуои бад мекард, вале Маҳтобхону Алоҳида ба доду войи соҳибхона аҳамият надода, додарашонро пешандоз карда, аз дар баромаданд.

Шикасти ҷоду

Дур сохтани ҳавову ҳаваси Марҷона аз қалби Фарҳод як моҳ тӯл кашид. Апаҳояш такудави зиёде карда, оқибат ӯро аз доми ҷоду озод намуданд. Вақте ки дӯстдоштааш Мафтунаро дар зери чодари арӯсӣ ба ӯ никоҳ намуданд, Фарҳод эҳсос кард, ки санги калоне аз дилаш афтид. Баъди овардани арӯсаш чашми ақли ҷавон ба тамом кушода шуда, аз апаҳояш бахшиш пурсид, ки барои як бевазани маккора шуда онҳоро ранҷонд. «Аз модар надоштанам истифода бурда, Рухсораи ҷодугар маро ба доми сеҳр гирифтор намуда, бе банд ба пои хоҳаршӯяш Марҷона баста монд, вале шумоён маро соҳибӣ карда, аз вартаи ифлосӣ халос кардед» мегуфт ӯ ва дастони апаҳояшро бо меҳр мебӯсид…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД