Давомаш...
Лайлӣ баъди тўй тамоман дигар шуда буду умуман ба ман меҳр надошт. То нимаҳои шаб кор дорам гўён, дар корхона мемонду рўзҳои якшанбе ҳам “ин ҷо мераваму он ҷо меравам” гўён, аз хона баромада рафта, нимаҳои шаб меомад.
Ман, ки ўро аз ҷонам зиёдтар дўст медоштам, ба вай бовар доштам. Лайлӣ аз дўстдории ман сӯистифода мекард, хоҳад маро ба бистараш роҳ медод, нахоҳад не… Зиндагиямон ҳамин гуна бе меҳру муҳаббат сипарӣ мегашт, оҳиста-оҳиста дилам аз Лайлии ситамгар хунук мешуд. Зеро ў дигар шуда буд…
Баъд аз ду соли зиндагии бемеҳру муҳаббатамон мо соҳиби духтарча шудем, гумон доштам тавлиди фарзанд зани хонабезори маро хонагӣ мекунад, аммо ин тавр нашуд. Лайлӣ баъди думоҳа шудани духтарчаамон Бону ба кор даромад. Кўдакро хушдоманам нигоҳ мекарду мо ҳар моҳ ба дасти ў маблағи муайян медодем.
Духтарчаам аз модараш дида, ба хушдоманам меҳр дошт ва бо ман низ зиёд одат карда буд, зеро ман тамоми ва Лайлӣ баъди тўй тамоман дигар шуда буду умуман ба ман меҳр надошт.
То нимаҳои шаб кор дорам гўён, дар корхона мемонду рўзҳои якшанбе ҳам “ин ҷо мераваму он ҷо меравам” гўён, аз хона баромада рафта, нимаҳои шаб меомад. Ман, ки ўро аз ҷонам зиёдтар дўст медоштам, ба вай бовар доштам. Лайлӣ аз дўстдории ман сӯистифода мекард, хоҳад маро ба бистараш роҳ медод, нахоҳад не… Зиндагиямон ҳамин гуна бе меҳру муҳаббат сипарӣ мегашт, оҳиста-оҳиста дилам аз Лайлии ситамгар хунук мешуд. Зеро ў дигар шуда буд…
Баъд аз ду соли зиндагии бемеҳру муҳаббатамон мо соҳиби духтарча шудем, гумон доштам тавлиди фарзанд зани хонабезори маро хонагӣ мекунад, аммо ин тавр нашуд. Лайлӣ баъди думоҳа шудани духтарчаамон Бону ба кор даромад. Кўдакро хушдоманам нигоҳ мекарду мо ҳар моҳ ба дасти ў маблағи муайян медодем.
Духтарчаам аз модараш дида, ба хушдоманам меҳр дошт ва бо ман низ зиёд одат карда буд, зеро ман тамоми вақти холиямро бо ў мегузаронидам…
Бероҳа
Лайлӣ дар корхона акнун ҳам сардори шуъбаи кадрҳо буду ҳам котиба- коргузори раиси корхона.
Ҳамеша ба ман мегуфт, ки ягон бор ба ҷойи корам набиё, ки раис инро намехоҳад, ў мегўяд масъалаҳои оилавӣ бояд дар хона ҳал шаванд. Ман низ намерафтам, аммо….
Як рўз Лайлӣ гуфт, ки “имшаб кори зиёд дорам, ба наздикиҳо комиссия меомадааст, бояд ҳуҷҷатҳоямро тахт кунам. Шаб дер меоям”. Азбаски ба дер омаданҳои ў одат карда будам, чизе нагуфтам, вале хушдоманам ба ў бад-бад нигоҳ кард. Бегоҳ Бону таб кард ва ману хушдоманам ҳамин қадар ба ҷойи кори Лайлӣ занг зада бошем ҳам, касе гўширо набардошт. Кўдакро ба беморхона бурдам, духтурон баъди муоина гуфтанд, ки шушҳои кўдак сахт шамол кашидаанду ўро бистарӣ кардан лозим.
Кўдакро ҳамроҳи хушдоманам дар беморхона хобонида, барои овардани чизу чораашон ба хона омадам, чизҳои заруриро гирифта, хостам сари роҳ Лайлиро гирифта, ба духтурхона равем. Ман рост ба қабулгоҳ рафтам, касе набуд, аз берун дида будам, ки дар кабинети сардор чароғи рўимизӣ фурўзон аст. Ин тарафу он тарафро дидам, касе набуд, оҳиста назди дар рафта, гўш андохтам аз дарун садои гапзанӣ шунида мешуд, овози зан ва мард….
Дигар тоқат накардаму дари сардорро бо лагат зада кушодам, он чизе, ки даруни ҳуҷраи кории сардор дидам… Ман аввал зани нимурёнам ва баъд сардорро зери мушту лагат гирифта, аз он ҷо берун шудам ва рост ба тарабхонае даромада, то беҳуш шуданам нўшидам… Саҳар худро дар кўча рўйи хоку ифлосӣ дидам, дигар ба хонаам нарафтам, то рўйи ифлоси Лайлии тарпочаро набинам ва ба деҳа роҳ пеш гирифтам…
Бозгашт
Мошин вақте ба деҳа расид, ки офтоб ба ғуруб мерафт, ман, ки чор сол аз дидани ин зебоӣ маҳрум будам, бо ташнагӣ атрофро аз назар гузаронидам, синаамро пур карда нафас кашидам. Чун назди дарвозаи ҳавлии падарӣ расидам, дилам гум зад…
Дарвозаро кушода ба ҳавлӣ даромадам, фасли хазонрез буду падару модарам рўйи кати таги ҳавозаи ангур ба тоза кардани меваҳои хушки дӯлона ва хуч машғул буданд. Аввал чашми модарам ба ман афтоду “вой бачаме” гўён, дар ҷояш мисли латтакўҳна афтид.
Падарам ўро болои дастонаш гирифту аз хона бародару янгаам низ баромаданд, ҳама мегиристанд… Гўё ман аз дами аҷал омада бошам, касе аз ман дар бораи зану фарзанд ва зиндагиям напурсид, ман низ се-чор рўз фақат бо падару модарам сўҳбат кардаму аз дидори пайвандонам сер шудам.
Баъд сари як пиёла чой саргузашти талхамро ба модарам нақл кардам. Модарам сару рўямро сила карда, навозишам менамуд ва ҳарфи диламро гўш мекард. Касе аз ман хафа набуд… Бародаронам маслиҳат карданд, ки як духтари деҳотии баимон ёфта, маро хонадор мекунанд, вале ман гуфтам:
-Аввал ҷойи кор меёбам, баъд аз Лайлӣ ба таври қонунӣ ҷудо мешаваму омада касеро, ки шумо хоҳед, ба занӣ гирифта, ба шаҳр мебарам… Бародаронам норозӣ гуфтанд:
-Боз меравӣ, ягон кас саратро гаранг мекунад, аммо падарам чун ҳарвақта маро пуштибонӣ карданд ва ман ба шаҳр баргаштам…