Суҳробҷон! Намедонам байни ту ва бародарат чӣ нофаҳмие гузашт, ки тарки хонаю дар кардӣ. Вақти рафтан гуфта будӣ, ки хонаи акою янгама, ки ҷудо кардед, баъд ман ба хона бармегардаму духтари таги чашм кардаатонро ба занӣ гирифта асоси пириатон мешавам.
Мани сода ба қавлу қасамат бовар карда дуои сафедат додам ва туро ба Русия гусел кардам. Рафтию бо ҳамин бе ному нишон шуда мондӣ. Инак, зиёда аз 10 сол боз аз ту хату хабар нест. Касе намедонад, ки дар куҷоӣ ва чӣ мехӯрию чӣ мепӯшӣ. Се сол мешавад, ки бародарат моро партофта ба шаҳр кӯчида рафт. Акою янгаат дар ин ҷо зиндагии ширин доранду ту аз рӯи онҳо шуда то ҳол бе ному нишонӣ бачаҷон. Замони кӯдакиат дар сари зонуям нишаста ба рӯям бо меҳр менигаристиву бо лаҳни кӯдакона мепурсидӣ: «Очаҷон барои чӣ мӯйи сари бибиям сафеду аз шумо сиёҳ аст?».
Саратро силакунон мегуфтам, ки мӯйи бибиатро ғами бачаҳои ҷавонмаргаш барвақт сафед кард. Бачаҷон, имрӯз мӯйи ман аз ғами дурии ту барф барин сафед шудааст, вале касе нест, ки дарди диламро пурсад.
Дар даҳ соли набуданат он қадар аз фироқи рӯят сӯхтам, ки бар сарам бармаҳал барфи пирӣ бориду рӯямро тӯри ожанг печонд. Ғами дурии ту маро бемор кард. Маҷбур шуда бо ҳамин тани бемору абгорам ба дари чандин ғайбдон ва фолбинҳо рафтам. Мегӯянд, ки писарат дар як ҷойи торики серодам дар мондаасту аз онҷо баромада наметавонад. Метарсам, ки зиндон нашуда бошӣ, ҷони оча. Ду акаатро ба ҷустуҷӯят фиристодам, вале чанд шаҳри Русияро гашта бошанд ҳам, аз ту хату хабар наёфта ба хона баргаштанд. Шабу рӯз бо чашмони пурнам Худоро зорӣ мекунам, ки туро дубора ба ман расонад, писарам. Рафиқонат ҳама соҳиби зану фарзанд гаштанд, вале ту ба ваъдаат вафо накардӣ. Арӯси таги чашм кардаам насиби ҷавони дигар шуд. Ҷигарам аз ғами дуриат садпора шудааст, Суҳробҷон.
Дигар тоқати роҳпоӣ надорам. Метарсам, ки рӯзе мегӯянд: «Писарат мурдааст». Бовар кун, мани ҷигарсӯхта тоқати шунидани хабари соати марги худамро дораму аз туро не. Маро бе корд накуш, писарам! Баргард, ки аз ғами дуриат мемирам!
Модарат Давлатбибӣ.