arzon replenishment
МАРГИ ТАБИБ АЗ КОРОНАИРУС Ё САКТАИ ҚАЛБ?
1870

Давоми 2-3 моҳи охир олимону донишмандони зиёди тоҷик ин дунёро падруб гуфтанд. Бале ҳарруз дар дунё чандин одамон фавт мекунанд, вале ба мисоли инро то ҳанӯз надидем, ки дар як рӯз камаш 2-3 нафар олимони соҳаи тибу маориф ва адабиёт бо сабаби ҳар беморӣ реҳлат мекунанд.

Хусусан марри табибон дар давраи хуруҷи бемории COVID-19 ба маротиб афзуд. Бале мегӯнд, ки сабаби вафот кардан бемории қалб, қанд ва илтиҳоби шушу дигар касалиҳои бардавом буд. Дуруст инро ҳеҷ кас инкор намекунад, аммо ба ҳамаамон маълум аст, ки каронавирус хосатан ба ин тоифа одамони дорандаи бемории давомдор ё ба истилоҳи русӣ "хронический болезнь" хавфи зиёд дорад. Ғайр ад ин агар синну соли бемор аз 65 сола боло бошад, хавфи коронавирус ба он нафар ӣа маротиб зиёд аст.

Мутаассифона имрӯз яке аз донишмандон ва пизишкони шинохтаи тоҷик Саидшоҳ Акрамов дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт.
Наздикони марҳум даргузаштанашро аз сактаи қалб унвон карданд, аммо вуҷуди коронавирус дар устод низ ба ин боис гаштааст.
Сафар Абдуллоҳ дӯсти деринаи Саидшоҳ Акрамов дар мавриди фавти табиби варзида чнин сатрҳоро навиштааст: "Дареғу сад дареғ,ки дӯсти нозанинам,бародари меҳрубонам ,пизишки номӣ ва яке аз чеҳраҳои бузурги миллӣ ва фарҳангӣ Сайидшоҳ Акрамзода низ рӯй бар ниқоби хок кашид ва бо ин ҷаҳони бе бақо видоъ гуфт. Даргузашти эшон ба ҳадде ҷонгудоз ва сангин аст,ки аз лаҳзае ки шунидам то кунун ба худ наомадаам..Дирӯз аз писарашон Саидиқбол вазъи саломатиашонро пурсидам..Гуфтанд,ки “яксон сангин” аст..Аз шунидани ин посух ҳолатам бадтар шуд ва зор зор гиристам...Эҳсос кардам,ки дигар тамом шуд...дигар дар ин дунё ба дидор намерасем.."
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Саидшоҳ Акрамов сахт бемори бистарӣ будааст.
Инчунин, чанде қабл хабарҳо дар бораи бистарӣ шудани ин табиб дар беморхона пайдо шуда, гуфта мешуд ӯ аз бемории коронавирус ранҷ мекашад.
Саидшоҳ Акрамов 27 апрели соли 1948 дар дезаи Виткони Кўҳистони Мастчоҳ дар оилаи омўзгор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1965 ба Донишгоњи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 1971 хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ ба деҳа баргашта яке аз аввалин ҷарроҳони ноҳияи Мастчоҳ шуда, фаъолиятро оғоз намуда, то ба имрўз шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Дар ин муддат ба ҳайси мудири шуъбаи “Ҷарроҳии урология ва травматология”, ёрдамчии сардухтор кор кардааст.
Саидшоҳ Акрамов дар баробари табиби варзидаву нотакрор будан, ба адабиёти тоҷик хусусан ба осори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ, аз адабиёти Ғарб аз Нитшеву Кафка, Сорту Камю огаҳии зиёд дошта, абёти зиёде аз осори Мавлонои Румро ҳифз намудааст.
Марҳум то имрўз раиси Ҷамъияти «Дониш»-и ноҳияи Масчтоҳро ба уҳда дошта, намояндаи фаъоли «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон-ПАЙВАНД» дар вилояти Суғд мебошад.
Мақолаҳои илмиву оммавии Саидшоҳ Акрамов дар маҷаллаву рўзномаҳои ҷумҳурӣ мунтазам нашр мешуд. Муаллифи зиёди аз 30 мақолаи илмӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД