arzon replenishment
МАРГИ СОБИҚ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН ТАБИБОНРО ГИРЁНД
6730

Академик Каримхон Қурбонов, собиқ ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва муовини директори Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” имрӯз дар синни 62 – солагӣ аз олам гузашт.

Наздикони марҳум гуфтанд, ки Каримхон Қурбонов ҳафтаи охир дар Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона, ки дар паҳлӯи Беморхонаи "Истиқлол” ҷойгир аст, бистарӣ буд. “Каримхон Муродович дар гузашта як маротиба ҷарроҳии дилро паси сар карда буд. Беморие, ки сабаби бистарӣ шудани ӯ шуд, бронхопневмония ё илтиҳоби шуши дутарафа буд”, - гуфт як хеши наздики ӯ.

Қурбонов Каримхон Муродович 2 апрели соли 1958 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Ӯдухтури ҷарроҳ, доктори илми тиб (1998), профессор (1999), узви пайвастаи Академияи илмҳои ҶТ (2010; узви вобаста – 2003), Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ (2004), Аълочии тандурустии ҶТ (1996). узви ҳақиқии Академияи байналхалқии мактаби олӣ (2005) буд. Марҳум хатмкардаи факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1982) буд.

Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси духтури ҷарроҳи Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб (1982 – 1987) оғоз намуда, дертар ординатори Донишкадаи такмили ихтисоси духтурони Украина (1987 – 89), духтури ҷарроҳи ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Харков (1989 – 92), ассистент (1994 – 98), дотсент (1998 – 99), профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №1 ДДТТ (1999), декани факултети тибби умумии ДДТТ (2001 – 2003), ректори ДДТТ (2003 – 2005), мудири кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби №1 ДДТТ кор кардаат.

Ӯ муаллифи 170 кори илмӣ, аз ҷумла 56 мақола, 11 тавсияи методӣ ва 4 монография мебошад. Дар соҳаи илм 44 пешниҳоду навоварӣ дорад. Зери роҳбарии устод Қурбонов 10 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Тадқиқоти илмии устод асосан ба омӯзишу табобати захми рудаи дувоздаҳангушта, роҳҳои талхагузар, ғадуди зери меъда ва ғайра машғуланд.

Бо дипломи Академияи байналмилалии «Бахти тиллоӣ» ва медали Георгий «Шаън, Шараф, Меҳнат» (дараҷаи 4) сарфароз гаштааст (ш. Тернополи Украина, 2001).

Ҳайати шогирдону ҳамкасбонаш аз марги устод сахт андуҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандонаш сабри ҷамил хостанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД