Arzon Banner
КОРОНАВИРУС ВА ПНЕВМОНИЯ БЕ АЛОМАТ ҲАМ МЕШАВАНД?
1633

Дар вазъияти ба вуҷуд омадани буҳрони коронавирус дар кишвар ҳар нафар кафили саломатии худаш арзёбӣ мешавад. Ҷиҳати пешгирӣ намудан аз сироятёбӣ ба COVID – 19 суҳбате доштем бо сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедова Ҳакима Савриддиновна. Фишурдаи ин суҳбатро пешкашатон менамоем.

- Нахуст салом. Дар оғоз мехостам роҷеъ ба коронавирус ва роҳҳои сироятёбии он мегуфтед.

- Коронавирус бемориест, ки бо роҳҳои ҳавоӣ - қатрагӣ аз шахси бемор ба одами солим мегузарад ва метавонад ӯро сироят намояд.

- Як хонандаи мо пурсид, ки “як хешамон коронавирус шуд ва нофаҳмида барои паст кардани тасбаш дуғ хӯрд. Баъд аз чанд рӯз он хешзанаки 47 солаамон беморироро аз сар гузаронид. Лекин мутаассифона 3 ҳафта пеш бе ягон бемории дигари ҷиддӣ вафот кард”. Ба андешаи шумо чӣ боиси марги занак шуда бошад?

- Нисбати бемори фавтида бояд гӯям, ки дар дасти мо ягон маьлумоти аниқ нест, ки ӯ аз чӣ фавтид, яъне санаде, ки доштан ё надоштани аломатҳои клинникии ӯро тасдиқ намояд, мавҷуд нест. Гуфта шудааст, ки “баъди чанд рӯз бемор фавтид”. Ба андешаи ин муштарӣ бемор дар ин муддат сиҳат шуда буд. Шояд табибон чунин гуфта бошанд, аммо аниқ нест, ки ӯ пурра сиҳат шудааст ё боз ягон нишонаи дигар ҳам дошт. Барои ҳамин агар ар дасти мо маълумотнома ё ягон санади дигар вуҷуд медошт, пурратар ҷавоб медодам.

- Оё метавонист хатари мавҷи дуюм ба ӯ таҳдид кунад?

- Ман фикр мекунам, ки дар вуҷуди ӯ таҳдиди мавҷи дуюм набуд, чунки агар мешуд, ақаллан ягон нишона медошт.

- Ба гуфти хонандаи мо бемор дӯғ хӯрдааст. Дӯғи хунук тасбро паст мекунад?

- Не, дуғи хунук барои пастшавии ҳарорат ягон зарра кӯмак намекунад, аммо метавонад боиси сар задани дигар бемориҳо шавад, чун гулударду хунукзаниву бронхит ва монанди ин. Он сабаби пайдошавии коронавирус шуда наметавонад.

- Онро ҳангоми гирифторӣ ба коронавирус нӯшидан мумкин аст?

- Дар ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус нӯшидани моеь ҳатмист, аммо агар гарм бошад. Масалан, лимӯчой. Лекин дар ҳолати тасб доштан аз нӯшидан нӯшокиҳои хунук парҳез кардан авлотар аст.

- Занҳои ҳомиладор ба ин беморӣ чӣ тавр бояд муносибат кунанд? Он ба тифли батнашон зиён надорад?

- Агар зани ҳомиладор сироят шуд, ин вирус ба тифли батнаш намегузарад. Вақте вазъияти бемор бад бошад, метавонад баъди таваллуд табобат гираду озодона ба кӯдакаш шир диҳад.

- Як хонандаи дигари мо пурсидааст, ки “Модарам 3 моҳ бо бемории асаб дар хона табобат мегирифт. Бурда тамография кардем дар шаҳри Ваҳдат. Гуфтанд, ки пневманияро аллакай аз сар гузаронидаст, лекин бемории вай дар ин 3 моҳ ба падари пиру беморам нагузаштаст”. Сабабаш дар чӣ бошад?

- Коронавирус ва пневмония бе аломат ҳам мешаванд, аммо дар ҳолати сабук, ки ин сабаби фавти ягон бемор намегардад. Шояд ӯ ҳам ҳолати сабук дошт.

- Ҳолати бемориро (сабук ё вазнин) тавассути тест муйян кардан мумкин аст?

- Не. Тест вуҷуд доштани бемориро тасдиқ ё инкор менамояд, аммо ҳолати бемориро не.

- Оё эҳтимол аст, ки ҷавоби тест иштибоҳ (хато) барояд?

- Ман то ҳозир вонахӯрдаам.

- Нафари дучори илтиҳоби шуш метавонад бе аломат (махсусан тасб) бошад?

- Илтихоби шуш бе аломат намегузарад. Ҳатман баландшавии ҳарорат, сулфа, беҳолии умумӣ ва дигар нишонаҳо аломати онанд, ки дар организми бемор вуҷуд доранд. Аммо пневманияи вирусӣ метавонад бе ин аломатҳо бошад. Дар ин ҳолат вуҷуд доштани дигар аломатҳои коронавирус мушоҳида карда мешавад.

- Коронавирус ва илтиҳоби шуш аз рӯи нишона ба ҳамдигар монанд буда метавонанд?

- Аз рӯи нишонаҳо онҳо ба ҳамдигар сахт монанданд, аммо дар ҳолати гузаштани ташхис вазьи эпидемиологӣ, санҷиши тестҳо ва аломатҳои рентгенологӣ ба инобат гирифта мешавад.

- Ба пешдиди шумо то кай мо метавонем ба ин вирус ғалаба кунем?

- Умед дорам, ки наздик аст, аммо аниқ гуфта наметавонам.

- Ташаккур барои суҳбататон! Ба Шумо барори кор мехоҳам!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД