sebiston july new
ДУХТУРЕ, КИ 65-ШАБОНАРӮЗ БО ГИРИФТОРОНИ COVID-19 ДАР НАБАРД БУД...
2494
Истифодабарандаи фаъоли фейсбук Иқбол Тошев дар саҳифаи худ матлаберо нашр кард, ки дар он чунин гуфта шудааст: 
Ин моем бандаҳои нозпарварди Худо ва шаҳрвандони соҳибҳуқуқ, ки дар такя бо муқаррароти Кодекси меҳнат ҳамарӯз 8 соат меҳнат мекунем ва рӯзҳои шанбею якшанбе истироҳат...

Аммо, барои Исфандиёр Надиров - муовин оид ба корхои муолиҷавии Беморхонаи сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе ва садҳову ҳазорон ҳампешагони ӯ ингуна муқаррарот гӯё рабте надорад, хоса дар ҳолати изтиробангезу ҳассосу фавқулода.

Муовини сардухтури Беморхонаи клиникии Душанбе Исфандиёр Нодиров расо 65 шабонарӯз ҳамроҳи сардухтур Мунира Каримова ва ҳамкасбонашон ҷони худро ба гарав гузошта, бо вируси ноаёну ноошнои Covid-19 дар талошу набард буданд.
Тавре худи ӯ иқрор шудааст, муддати 65 шабонарӯз барояш тақдирсозу сарнавиштсоз буд.
- 65 шабонарӯзе, ки лаҳзае аз коргоҳи хеш берун нарафтааст.
- 65 шабонарӯзе, ки хонаву корхонаву меҳмонхонаи ӯ утоқи кориаш буд.
- 65 шабонарӯзе, ки бо эҳсоси бузурги масъулият нисбати ҳифзи сиҳатии мардум ва ҳам кормандон якҷо бо сардухтури беморхона Мунира Каримова ҷидду ҷаҳду талош доштанд.
- 65 шабонарӯзе пур аз ранҷу заҳмату азхудгузаштанҳо.
- 65 шабонарӯзи навбатдории пайиҳам.
- 65 шабонарӯзи пайдарҳам бо либоси муҳофизавӣ.
- 65 шабонарӯзи бедорхобӣ ва дурӣ аз зану фарзандон.

 Тайи ин 65 шабонарӯз бо устодону ҳамкасбон ва ҳампешагони худ аз кишварҳои дигар дар тамос буд, малакаи эшонро меомӯхту баҳри аз вабо раҳонидани ҳамватанони хеш таҷрибаю тавсияҳои эшонро ба кор мебурд.

Худ шоҳид будем, ки ҳамзамон ӯ ва дигар табибони тоҷик – ҳамдиёрони арҷманди мо Шерозиддин Турдиев, Меҳроҷиддин Бобоев, Фазлиддин Олимов, Хаёлиддин Ҷумъаев, ки дар Россия, бо Фарзод Пӯлодов, ки дар Олмон кору фаъолият доранд, аз ҷумлаи аъзои фаъоли Гуруҳи муваққатии мубориза бо СOVID-19 буданд ва бо табибони Беморхонаи марказии шаҳри Исфара – сартабиб Таибидин Муҳамедов, духтурон: Парвиз Ҳусейнов, Шодрӯз Сангинов, Баҳманёри Абдусамад, Некбахт Раҳмонов, Шодовар Ҳодиев ва дигарон бо маслиҳату машварат баҳри ҳифзи сиҳатии мардуми Исфара аз ин вабои аср мубориза мебурданду саҳми муассир доштанд.

Исфандиёр Надиров дастпарвари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, соли 2008 донишгоҳро бо ихтисоси духтур – сироятшинос муваффақона хатм кардааст.

Давоми солҳои 2008-2017 дар шӯъбаи сироятии Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ба ҳайси табиб-сироятшинос фаъолияти босамар дошт. Аз тариқи ҳамҷоякорӣ дар як вақт ба ҳунарҷӯёни Коллеҷи тиббии Исфара дарс медод, асрори ҳунар меомӯзонд.

Аз соли 2017 инҷониб фаъолияти табобатии мавсуф дар Беморхонаи сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе идома ёфта, масъулияти муовин оид ба корхои муолиҷавии беморхонаро муваффақона ба ҷо меорад.
Дар самти пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ фаъолияташ чашмрас буда, алҳол унвонҷӯйи кафедраи беморихои сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аст.

Исфандиёр Надиров табиби соҳибтаҷрибаву варзидаю маъруфест дар самти сироятшиносӣ. Ҳамзамон шахсест хоксору заминӣ, инсонест комил ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, дар ғояти фурӯтанӣ.

Месазад, ки ба ӯву садҳо ҳампешагонаш, ки тайи ин чанд моҳ гузашта аз ҷони худ бо вабои аср дар набард буданд, рисолати касбии хешро дар шоистатарин сатҳ ба ҷо овардаанд, ҳазорҳо ташаккур гӯем!
- 1000 аҳсан!
- 1000 000 сипос!
…Ва ин ҳама миннатдориву аҳсану сипоси мо дар баробари ранҷу ҷонбозиҳои онон ҳеҷ аст, ҳеҷ!


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД