arzon replenishment
АКСУЛАМАЛИ РАВОНӢ ДАР ВАҚТИ КОРОНАВИРУС АЗ НИГОҲИ МАҲМУДШОҲ КАБИРОВ
3111
Маҳмудшоҳ Кабиров, равоншиноси маъруфи тоҷик дар саҳифаи иҷтимоии худ роҷеъ ба таъсири коронавирус ба психикаи одам изҳори назар кардааст.

"Вақте фаро расид, ки аз илми равоншиносии тибб (медицинская психология) ва равоншифоии тоҷик истифода барем: COVID-19 ба равон (психика)низ таъсир дорад", - навиштааст равоншинос. Бояд гуфт, ки тарс асоси ҳама гуна бемориҳо буда метавонад. Он метавонад организми одамро суст карда, дилхоҳ бемориро дар вуҷуди шахси тарсида ҷой кунад. "Дар баробари хурӯҷи коронавирус, ки тарс (фобия)-у рӯҳафтодагӣ (депрессия) низ ҳамсафаранд, таъсироти заҳри он (дар вақти вирусемия) ба равон ҳам мерасад, ки фаъолияти ақл, эҳсос ва танро асар мерасонад. Фикрҳои бадбинона(пессимизм), эҳсоси манфӣ (отрицательные эмоции) ва сустии бадан пайдо мешаванд; ҳарчанд дар зинаи шадиди беморӣ аз ҳисоби зиён ба шушҳо ҳам нафасгирӣ пайдо шудан мумкин аст. Агар ба забони техникӣ гӯем "перезагрузка"- и психика ва барқарорсозии файлҳои он бо илми мо лозим аст". Ин изҳори назари равоншинос дар ҳолест, ки бо хуруҷи пандемияи коронавирус аксар одамон тарсро дар вуҷуди худ ҷой медиҳанд. Қаблан, шоири маъруфи тоҷик Нозирҷон Ёдгорӣ ҳам нотарсиро "ваксинаи коронавируси нав" гуфта буд. Ёдовар мешавем, ки дар ин давраи вазнин равоншинос Маҳмудшоҳ Кабиров маркази тавонбахшии худро ройгон ба ихтиёри беморон гузошт. Худи ӯ ҳар рӯз аз субҳ то шом нафарони ба маслиҳати равонӣ ниёздоштаро ба таври ройгон қабул ва муолиҷа мекунад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД