Arzon march 2024
Коронавирус ба тифли дар батни модар буда мегузарад?
1838

          Соли дуюм аст, ки коронавирус мисли вабои беамон ба гиребони инсоният чанг зада, ҳамарӯза ҷони ҳазорон-ҳазор одамонро дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам мерабояд. Дар тӯли беш аз як сол олимон тадқиқотҳои зиёде гузаронида, хислати ин вирусро омӯхтанд ва воксинаҳои гуногуни зидди коронавирусро ихтироъ намуданд. Албатта туфайли талошҳои табибон шумораи қурбониёни Ковид-19 нисбатан камтар шудааст, аммо ин бемории ҳамагир панҷаҳояшро ҳанӯз аз гиребони банни башар раҳо карданӣ нест. Дар байни гирифторони Ковид-19 занони ҳомила низ ҳастанд ва ин бисёр ташвишовар аст.

-Коронавирус ба зани ҳомила чӣ хатар дорад?

-Оё вирус ба тифли дар батни модар буда мегузарад?

-Рост аст, ки Ковид-19 боиси бачапартоӣ мегардад?

-Зани ба коронавирус гирифтор кӯдакашро сина дода метавонад?

-Модар ба Ковид-19 гирифтор бошад, ӯро аз фарзандаш ҷудо мекунанд?

-Барои дар давраи ҳомиладорӣ худро аз коронавирус ҳимоя намудан зан бояд чӣ чораҳо андешад?

Ба ин ва дигар саволҳои мо табиби амрози занонаи Маркази Миллии Солимии Репродуктивӣ Мунира Раҷабова ҷавоб мегӯяд.

 

-Мегӯянд, ки дар давраи ҳомиладорӣ хатари ба коронавирус гирифтор шудани зан меафзояд. Ин андеша ҳақиқат дорад?

-Дар асл хатари гирифтор шудан ба Ковид-19 дар занони ҳомила назар ба дигар ҳамҷинсонашон бештар аст, чунки дар давраи бордорӣ ҷисми зан бо тағйиротҳои зиёде рӯ ба рӯ гашта, қувваи муҳофизатии организм суст мешавад. Аз ҳамин хотир занони ҳомила бояд ба қоидаҳои зидди эпидемологӣ риоя намуда, ҳатман ниқоб пӯшанд, дастонашонро тез-тез бо собун шуста, антисептик пошанд, фосилаи иҷтимоиро риоя намоянд ва бидуни зарурат дар кӯчаву бозор ва дигар ҷойҳои серодам гаштугузор накунанд.

-Ковид-19 ба занони ҳомила чӣ хатар дорад? Дар ин бора муфассалтар маълумот дода метавонед?

-Коронавирус хавфи бачапартоӣ, таваллуди пеш аз мӯҳлат вахатари ҳанӯз дар батни модар аз вирус сироят ёфта, бемор ба дунё омадани тифлро ба миён меорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки тифлакони навзоди аз занони ба Ковид-19 гирифтор ба дунё омада, назар ба дигар навзодонбештар ба шӯъбаи эҳёгарӣ меафтанд. Барои худи зани ҳомила низ ин беморӣ оризаҳои зиёдеро аз қабили сар задани мушкилот дар роҳҳои нафасу душвор шудани нафаскашӣ ва хурӯҷи бемориҳои кӯҳнашуда ба вуҷуд овардаметавонад, бинобар ин, бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини беморӣ аз қабили баланд шудани ҳарорати бадан, эҳсос накардани бӯй, пайдо шудани дард дар қафаси сина ва сулфа зан бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намояд. Табибон ташхисҳои заруриро анҷом дода, вобаста ба ҳолати зан табобат мефармоянд. Маъмулан занони ҳомилае, ки ба Ковид-19 гирифторанд, дар ҳуҷраи алоҳида нигоҳ дошта шуда, таҳти назорати махсус гирифта мешаванд. Табобати саривақтӣ занро аз оқибатҳои бади коронавирус эмин нигоҳ дошта, саломатиаш барқарор мегардад ва шанси тифли солим ба дунё овардаанаш меафзояд.

-Дар кадом давраи ҳомиладорӣ Ковид-19 бештар хатарнок аст?

-Коронавирус дар ҳама давраҳои ҳомиладорӣ хатар дорад, вале дар семоҳаи якум ва дуюм хавфи бачапартоӣ бештар аст. Дар семоҳаи охири ҳомиладорӣ вирус метавонад боиси пеш аз мӯҳлат рехтани обҳои назди тифлӣ ва норасид ба дунё омадани кӯдак гардад.

-Занҳое ҳастанд, ки дар давраи ниҳоят ҳасос, яъне шабу рӯзҳои пеш аз таваллуд карданашон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Зоимони ин гуна занҳо чи гуна сурат мегирад?

-Маъмулан дар чунинҳолатҳо ба хотири сироят наёфтани тифл табибон аз ҷарроҳии чоки қайсар истифода мебаранд. Баробари ба дунё омадани навзод тифлро аз модар ҷудо карда, тамоми ташхисҳои заруриро анҷом медиҳанд. Ташхис нишон диҳад, ки кӯдак аллакай сироят ёфтааст, навзод ва модарашро баробар табобат мекунанд, вале бача солим бошад, мисли дигар тифлакон пас аз ҷанд рӯз кӯдакро аз таваллудхона мураххас намуда, занро то ба пуррагӣ шифо ёфтанаш дар бемористон нигоҳ медоранд. Ногуфта намонад, ки агар зан дар моҳҳои аввали ҳомиладориаш, яъне семоҳаи якум ва дуюми ҳомилагӣ бемориро аз сар гузаронида, табобатҳои лозимаро гирифта бошад, хатари ба дигарон сироят намудани бемориаш аз байн рафта, қатори дигар занони зоянда бе ягон душворӣ дар таваллудхона тифлашро ба дунё оварда метавонад.

-Зане, ки коронавирусро аз сар гузаронидааст, метавонад тифлашро макконад ё ба кӯдак шири сунъӣ додан лозим аст?

-Метавонад, ба шарте, ки тамоми чораҳои пешгирии интиқоли вирусро риоя намуда, вақти маккондани тифл ду ниқоб бандад, ҳатман дастпӯшакҳои резинӣ пӯшад ва пистонҳояш тамиз карда, безарар гардонида шаванд. Аҷибаш он аст, ки ин вирус бо воситаи шири модар ба кӯдак намегузарад. Боз як далели дигари аҷиб он аст, ки дараксари ҳолатҳо худи беморӣ аз модар ба кӯдак намегузарад, вале антителаҳо мегузаранд. Бо ҳамин роҳ шояд худованд тифлакони навзодро аз ин бемории ҳамагир ҳимоятмекунад...

-Хатари ба коронавирус гирифтор гаштан ба ҳама занҳои ҳомила таҳдид менамояд ё ин ба саломатии зан вобастагӣ дорад?

-Дар давраи пандемия ҳомиладор будан маънои онро надорад, ки зан ҳатман ба Ковид-19 гирифтор мешавад. Занҳое, ки иммунитеташон пурқувват аст, метавонанд аслан ба ин беморӣ гирифтор нашаванд ё онро хеле сабук аз сар гузаронанд. Боло будани синну сол ва фарбеҳ будани зан, ҳамчунин гирифтор будани модаршаванда ба қасалии қанд, фишорбаландӣ ва дигар бемориҳо хатари аз Ковид-19 сироят ёфтани зани ҳомиларо афзун месозад. Ин тоифаи занҳо вақте ба коронавирус гирифтор мешаванд, дар баробари таб, сулфа, дард дар қафаси сина ва душвор гаштани нафаскашӣ, ҳамчунин сарторикиашон авҷ мегирад ва тез-тез дилашон беҳузур шуда, қайъ мекунанд, аз ҳамин хотир ба нигоҳубини махсус ниёз доранд.

-Дар кадом ҳолатҳо коронавирус барои зани ҳомила бо фиҷиа анҷом ёфта метавонад?

-Аслан, худи Ковид-19 дар ҳомиладорон чандон вазнин намегузарад, ба шарте, ки зан ягон бемории дигар надошта бошад. Ба гурӯҳи хатар занҳое дохил мешаванд, ки шушҳояшон иллат дорад ё мушкилоти фарбеҳӣ, диабети қанд, касалии дил ва фишорбаландии шараёнӣ доранд. Вирус дар ҷисми ин тоифаи занон хеле босуръат паҳн шуда, мушкилоти ҷидиро дар роҳҳои нафас ба миён меорад, ки цитоксиновый шторм” номида мешавад. Дар натиҷа норасоии кори узвҳои роҳи нафас ба миён омада, боиси мустақилона нафас гирифта натавонистани зан, норасоии ҳаво-оксиген ба модар ва тифли батнаш, тромбоз ва гипоксияи ҷанин мегардад. Дар чунин ҳолатҳо хавфи сар задани ягон фоҷиа бо модар ё тифли батнаш сар зада метавонад.

-Барои пешгирии беморӣ чи бояд кард?

-Пешгирии ҳама гуна беморӣ, махсусан коронавирус аз табобати он чандин маротиба осонтар ва арзонтар аст, бинобар ин, зан пеш аз ҳомиладор шудан бояд дар фикри чи тавр муҳофизат намудани худ ва фарзандаш бошад. Занҳое, ки нақшаи таваллуд карданро доранд, ақаллан се-шаш моҳ пеш аз ҳомиладорӣ бояд воксинаҳои зидди Ковид-19-ро бигиранд. Эмгузаронӣ хавфи сироятёбиро камтар карда, дар ҷисми зан антителаҳое ҳосил мешаванд, ки дар сурати ба коронавирус гирифтор шудан бо вирус мубориза мебаранд ва занро аз оқибатҳои нохуши Ковид-19 эмин медоранд. Риоя намудани қоидаҳои пешгирии беморӣ аз қабили пӯшидани ниқоб, тез-тез шустани дастҳо бо собун ва пошидани антисептик, камтар гаштугузор намудан дар кӯчаву бозор ва риояи фосилаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз зумраи чораҳои ҳатмии пешгирии коронавирус мебошанд, ки тамоми аҳли ҷомеа, махсусан занҳои ҳомила бояд ба таври ҳатмӣ анҷом диҳанд.

-Ҷуфтҳое ҳастанд, ки солиёни дароз нахли умрашон бор намеорад ва мехоҳанд бо истифода аз ЭКО соҳиби фарзанд шаванд, вале аз панемия ҳарос доранд. Шумо ҳамчун табиб ба чунин оилаҳо чӣ маслиҳат медиҳед?

-Пандемия барои амалӣ гаштани орзуҳои одамони ташнаи фарзанд монеашуда наметавонад, вале шаш ё ақаллан се моҳ пеш аз анҷом додани бордорсозии сунъӣ ҳам зан ва ҳам шавҳар бояд воксинаи зидди коронавирусро бигиранд, то худ ва тифли деринтизорашонро аз ин бемории ҳамагир эмин доранд.  

-Барои сӯҳбати пурмуҳтаво як ҷаҳон ташаккур!

Ф. Сатторӣ

 

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД