Селоби ашк мисли дарёи маҷрогумкарда беихтиёр ба рӯйи апаи Садафмоҳ шорида, рухсораҳои заҳирашро мешӯяд. Оби чашмони ин зани ҷафокашидаи тоҷик мисли тақдираш талху пуршӯр аст. Садафмоҳ Хоҷаева дар кӯчаи Сурхоби пойтахт дар як ҳавличаи вайрона иҷоранишин мебошад.
Манзиле, ки ин зан бо фарзандонаш зиндагӣ мекунад, танҳо аз як ҳуҷра иборат буда, одитарин шароитҳои зиндагиро надорад. Шавҳараш бо нияти хона харидан ба Русия мардикорӣ рафта буд, вале дар он ҷо ба бемории саратон гирифтор гашт. Пас аз он ки падари фарзандонаш ба ин дарди бедаво гирифтор шуд, рӯзи Садафмоҳ ва фарзандонаш аз шаби тор ҳам сиёҳтар гашт.... Духтаракони Садафмоҳ таги як курта аз шиддати сармо дарақ-дарақ меларзанд, вале модар имконият надорад, ки барояшон либосҳои гарми зимистона харад. Апаву хоҳар бо навбат як пойафзоли нимдаридаро пӯшида ба мактаб мераванд. Бо сабаби бениҳоят хунук будани манзили иҷораашон ва набудани ягон шароити зиндагӣ хешу табораш маҷбур шуданд, ки шавҳари бемори Садафмоҳро ба хонаи худашон баранд.
Фарзандонаш ба ин дурӣ тоб наоварда, пайваста оби дида мерехтанд. Бо дидани оби чашмони духтаронаш дили ин зани бемор хун мешуд. Вай мехост ҳамсари беморашро ба хонаи худаш оварда, нигоҳубин намояд ва қарзи худро ҳамчун зан иҷро кунад, вале мутаасифона, ҳамагӣ як рӯз қабл аз пахши барномаи мо шавҳари Садафмоҳ Хоҷаева аз касалии саратон аз олам даргузашт. Имрӯз ин зани шавҳармурда бо фарзандони ятим ва модари пиру апаи бевазан ва ҷияни ятимаш дар чорсӯйи зиндагӣ танҳову бе муттако мондааст.
Шахсони хайрхоҳе, ки мехоҳанд ба Садафмоҳ Хоҷаева ва фарзандони ятимаш дасти ёрӣ дароз намоянд, метавонанд ба рақамҳои 93-199-28-99 занг зананд ё хайрияи худро ба корти бонкии зерин гузаронанд: 6233 5101 1119 4803 (СПИТАМЕНБОНК)