new banner new years
Марги қотили донишҷӯёни Перм ва ахбори тоза дар бораи фоҷиа
4427


Тавре ки иттилоъ дода будем, дирӯз, 20-сентябр ҷавоне бо исми Тимур Бекмансуров ба Донишгоҳи Миллии Тадқиқотии Перм ворид шуда, донишҷӯёнро бераҳмона тирборон карда буд. Бар асари ин фоҷиаи хунин 6 тан ба ҳалокат расида, 24 нафари дигар захм бардоштаанд.
Ҳолати 7 нафар донишҷӯёне, ки дирӯз дар рафти тирборон дар Донишгоҳи Миллии Тадқиқотии Перм захмӣ шуда буданд, вазнин арзёбӣ карда мешавад.

Ин 7 донишҷӯи захмишударо барои табобат ба шаҳри Маскав интиқол медиҳанд. Дар ин бора Вазири илм ва маорифи Русия Валерий Фальков зимни маросими гулгузорӣ дар мазори донишӯёни бар асари ин фоҷиаи хунин ба ҳалокат расида маълумот додааст. Вазир ҳодисаи рӯйдодаро фоҷиаи вазнинтарин арзёбӣ намуда, таъкид кардааст, ки барои интиқоли донишҷӯёни захмӣ ба шаҳри Маскав тамоми чораҳо андешида шудаанд ва парвоз бе хатар хоҳад буд.

Президенти Русия Владимир Путин ин рӯйдоди хунини ваҳшатборро “Бадбахтии бузург барои тамоми мамлакат” номида, амр кардааст, ки ба оилаҳои донишҷӯёни шаҳидшуда дар ҳаҷми 1 миллион рубли русӣ кӯмакпулӣ дода шавад.

Аз рӯйи ин ҳодиса бо қисми 2-и моддаи 105-и кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст, вале ҷавони ба сӯйи донишҷӯён аз яроқи оташфишор тир кушода, ки тибқи маълумоти расмӣ Тимур Бекмансуров ном дошта, донишҷӯи ҳамин донишгоҳ будааст, зимни боздошт муқовимат нишон дода, тир хӯрда буд ва як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бо шарти ошкор накардани ному насабаш хабар додааст, ки Бекмансуров бар асари захми бардоштааш дар беморхона ҷон дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД