Arzon march 2024
Марги нобаҳангоми Канчитаи рус
2716

Шоми 4-уми апрел блогери маъруфи рус, ки дар шабакаи сартосарии YouTube саҳифаи инфиродии худро дошту бештар нақшҳои занона меофарид, дар садамаи нақлиётӣ ҷон дод.

Автомобиле, ки дар он марҳум савор буд, бо суръати баланд ҳаракат карда, ба мошини калони боркаш, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрд. Ҳодиса дар шоҳроҳи калони самти Симферополский дар наздикии истгоҳи Подолске рух додааст.

Ба гуфти шоҳидон дар сари чамбараки автомобил, ки тамғаи Mercedes буд, ноболиғи 16 сола менишаст. Дар натиҷаи ин садама Павели 48-сола, худи ронанда ва мусофири 28-солаи дигар ҷон бохтаанд. Як мусофири дигар ҷароҳатҳои вазнин бардошта, айни ҳол дар беморхона аст.

 


ХУҶАНД: МАРДИ БЕЧОРА ҲАҚОРАТ КАРДУ МУРД


 

Павел Петел кист? Ӯ блогер ва яке аз ситораҳои маъруфи Инстаграм буд. Павел соли 2010 аз Украина ба Русия омаду дар ин ҷо иҷоранишин шуд. Ҳамсояҳояш мегӯянд, ки Павел аз рӯзи омадан то охири умр тани танҳо бо гурбааш зиндагӣ мекард. Солҳои охир дар Инстаграмм саҳифаи “Дневник Сказочника” - ро бурд, ки зиёда аз 24 ҳазор обуначӣ дошт.

Ӯ дар олами медиа тақрибан 6 сол қабл худро ҳамчун шоумен муаррифӣ кард. Дар интернет барои пӯшидани либоси занона ва орову торо додан ӯро “Кончита Вурсти рус” унвон додаанд. Аҷиб аст, ки Павел мисли Кончита Вурст худро чун зани ришдор реклама кард. Ӯ мӯйи сари сунъии сафед дошт ва пойафзоли пошнабаланд мепӯшиду нимбараҳна ё бо бадани бараҳна мисли занҳо акс мегирифт. Ба ин тарз ӯ хост машҳур шавад. Ҳамеша бо журналистон сӯҳбат мекард ва аудиторияи худро бо ин кор дар Инстаграм зиёд месохт.

Баъдан бозидани нақши зани ришдорро тарк карду ба бурдани ташвиқот ҷиҳати тарзи ҳаёти солим сар кард. Дар хонаи иҷорагирифтааш бо гурбае, бо лақаби “Хромик” ҳаёт ба сар мебурд. Павел ҳамроҳи гурбааш видеоҳои ҷолиб ба навор мегирифт. Ӯ як бор дар блоги худ иқрор шуд, ки боре ҳам аз забони волидайнаш ҷумлаи “Ман туро дӯст медорам” - ро нашунидааст.

Худи ӯ то мурдан дар орзуи кӯдак буд. Дар саҳифаи шахсияш ҳамеша менавишт, ки агар Худо ба ӯ кӯдак диҳад, духтарчаю писарчаашро мисли шоҳдухтару шоҳзода тарбия намуда, интихоб ва ҳуқуқи онҳоро эҳтиром хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД