arzon replenishment
МАРГИ ФОҶИАБОРИ ОТАБЕК
3573

Одамизод намедонад, ки имрӯз ҳаст ё фардо не?! Отабек низ вақте аз хона берун шуд, дар гӯшаи хаёлаш ҳам наовард, ки дар роҳ ӯро чӣ интизр аст. Субҳи барвақт фарзандонаш бо як овоз : "дадаҷон ба мо шоколад биёр"-гӯён аз пасаш фарёд заданд ва Отабек низ сӯйи тифлаконаш як табассуме карду роҳашро идома дода, аз дар берун шуд. Ин охирин табассуми Отабек ба сӯи тифлаконаш буд, вале...

Рӯзи 19-уми январи соли 2021, тахминан соати 18:20-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Турдиев Толибҷон Усмоналиевич, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Ҷ. Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар, дар худуди ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуллоев Отабек Эргашалиевич, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти С. Истиқлоли ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Абдуллоев О.Э ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД