formula
МАРГИ БЕРАҲМ ҶОНИ ШУКРОНА ВА БАҲРИДДИНРО РАБУД
28.07.2021
Р. Азимӣ
4289

Сайёди аҷал хеле зираку ҳушёр аст, намедонӣ, ки кай дар куҷо ғофилгират мекунад. Якеро ба коми оташ ё дарё тела медиҳад, дигариро зери чархи мошин, риштаи ҷони саввумиро бо баҳонаи беморӣ бераҳмона мебуррад, то инсон домангири аҷал набошад...

Рӯзи гузашта бар асари садамаҳои нақлиётӣ риштаи умри ду ҷавон, ки ҳоло аз сад гулашон ҳанӯз як гулашон нашукуфта буд, канда шуд.

Як рӯз қабл тахминан соати 23:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шоназаров Ҳусниддин Худойназарович, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода ба самти ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи мазкур дар ҳудуди деҳаи Адолат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба чархи чапи Трактори тамғаи “МТЗ-82”, ки таҳти идораи ронанда, Ашуров Асадулло Урозович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Ваҳдат бархӯрдааст.

Дар натиҷа номбурда, ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ки таҳти идораи ронанда, Раҳматов Оятулло Хайриддинович, соли таваллудаш 1981, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Раҳматов О.Х. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона гардидааст.

Инчунин, мусофирони дар дохили автомашини тамғаи Опел-Астра”, Ахмедов Баҳриддин Маҳмадбуриевич, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Хиргантароши шаҳри Ваҳдат, Ҳаштодова Бибисоро Сайфуллоевна, соли таваллудаш 1994 ва ноболиғон, Ҳаштодова Шукрона Сайфуллоевна, соли таваллудаш 2006, Ҳаштодов Хайриддин Сайфуллоевич, соли таваллудаш 2012, Ҳаштодзода Сафия Шамсуддин, соли таваллудаш 2019, Ҳаштодзода Омина Шамсуддин, соли таваллудаш 2015, сокинони ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ва худи ронандаи автомашинаи мазкур Шоназаров Ҳ.Х. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар натиҷа Ахмедов Б.М ва ноболиғ, Ҳаштодзода О.Ш, аз ҷароҳатҳои бардоштаашон дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД