Тавре, ки шоҳидони ҳодиса ба хабарнигори сомонаи “Оила-ТЧ иттилоъ доданд, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок боз як садамаи автомобилӣ рӯй дода, боиси марги 4 нафар гаштааст.
Ҳамаи қурбониёни ин садамаи хунин зодагони ноҳияи Шаҳринав ва аҳли як хонавода будаанд. Саидовҳо чанд сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд. Онҳо дар Русия дастаҷамъона пули хуб кор карда, мошин хариданд ва бо автомобили шахсии худ роҳи Ватанро пеш гирифтанд. Мебоисит аҳли ин оила тариқи Вилояти Суғд ба пойтахт ва аз ин ҷо ба Шаҳринав раҳсипор гарданд, аммо расидан ба дидори пайвандон ба эшон муяссар нагашт. Азбаски шабона ҳаракат мекарданд, хоби ронанда дар сари чамбарак бурда, мошин аз роҳ мебарояд ва ба қаҳри дарёи Зарафшон меафтад.
Аз панҷ нафар мусофирон танҳо як нафар зинда монда, боқӣ ҳама ҷони ширини хешро ба ҷонофарин супурданд.
Ҷанзаи чаҳор нафар аъзои оилаи Саидовҳо дар зодгоҳашон, деҳаи Қаҳрамони ҷамоати Сабои ноҳияи Шаҳринав барпо гашта, ҳамдеҳагон ва хешу ақрабо қурбониёни ин садамаи сархӯрро бо қалби хунчакону нолаҳои зор ба хок супурданд...