goodwell
Мардҳои ҳиҷобпӯш
20.06.2026
Oila.tj
158

Туарегҳо - ягона халқеанд, ки дар онҳо модаршоҳӣ ҳукмрон аст. Сабаби мардуми кабуд ном гирифтанашон дар он аст, ки бештар либосҳои кабуд ба бар мекунанд ва бинобар ин, пӯсташон тадриҷан ба ранги кабуд мубаддал гаштааст.

Туарегҳо дорои расму оини аҷибанд. Мардҳояшон вазифадоранд, ки рӯяшонро пинҳон намоянд. Ҷавонписарони ин қавм ҳангоми ба балоғат расидан аз падар шамшери тез ва болопӯш барои печонидани рӯйро соҳиб мешаванд. Мардҳои ин қабила танҳо дар назди ҳамсар ё маъшуқаашон иҷозати кушодани рӯйи худро доранд. Агар касе чеҳраи туарегро бинад, бояд ӯро ва ё худро ба қатл расонад.

Барои занҳо бошад, имкониятҳои фарроху ҳуқуқу озодиҳои бешумор фароҳам оварда шудаанд. Онҳо ҳуқуқи доштани якчанд шавҳарро доранд. Тамоми молу боигарӣ моли занҳо буда, дар ҳолати талоқ зан бо табъу завқи худ дороиро тақсим мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД