Вақте ки рӯзҳои гарм фаро мерасад, мардон свитер, куртаҳои остиндароз ва пиҷҷакҳоро ба сандуқ ҳаво медиҳанд. Чун қоида, либосҳои ин мавсим футболкаву куртаҳо мебошанд.
Коршиносони мӯд мегӯянд, ки куртаи остинкӯтоҳ ба осонӣ ивазшаванда аст.
Барои роҳат будан дар ин мавсим бароятон чанд маслиҳатҳои муфид медиҳем:
- Шумо метавонед як ё ду тугмаро аз боло кушоед;
- Матоъҳои табииро афзалтар донед;
- Куртаҳои оддӣ, рангҳои ба чашм писанд ва ё бо нақш харед.
Нафасгирии бадан шарти ҳатмист. Аз ин рӯ, мо ба шумо маслиҳат медиҳем, матоъҳоеро, ки аз нахҳои таббиӣ (пахта, катон ё омехтаҳои онҳо) сохта шудаанд, пӯшидан беҳтару хубтар аст. Матоъҳои пахтагии ношаффоф ба гумон аст, ки интихоби хуб бошад.
Илова ба ин, ранги сафеду кабуд маъмул аст, зеро он новобаста аз ранги пӯст ва мӯй қариб ба ҳама мувофиқ аст.
Маҳсулоти пахтагӣ ҳамеша дар мӯд аст. Муҳим он аст, ки комбинатсияи мувофиқ бо рӯйдод, обу ҳаво ва вақти рӯз мувофиқат кунад. Мард пеш аз пӯшидани либоси тобистона бояд пок бошад. Бӯи арақ дар баданаш набояд бошад.
Агар ба шумо лозим аст, ки ду маротиба дар як рӯз душ гиред, пас ин корро кунед. Дезодорант, шампун ва собунро бо бӯи форам истифода баред. Як атри мардона гиред, ки махсусан дар ҳавои гарм истифода бурдан мумкин бошад.
Либос бояд тоза ва аз доғҳои арақ холӣ бошад. Одами пок ҳеҷ гоҳ либоси доғдорро намепӯшад, ҳатто агар ӯ боварӣ дошта бошад, ки одамон пайхас намекунанд.
Гардероби тобистона ба назари бисёр мардон ниҳоят содда ба назар мерасад: даҳҳо футболка, чанд шиму шортҳои сабук ва кроссовкаҳо. Бар хилофи эътиқоди маъмул, матоъҳо бо таркиби комилан табиӣ варианти хеле хубанд. Матоъҳои матба, оксфорд ва домал барои тобистон хеле вазнинанд, гарчанде, ки онҳо асосан аз пахтаи соф мебошанд.
Ба шаффофияти матои курта диққат диҳед. Ҳар қадар он пахтагин бошад, дар ҳавои гарм ҳамон қадар бароҳаттар мешавад. Аммо шумо бояд маҳсулоти аз ҳад шаффоф ва ҳаводорро интихоб кунед, ки на ҳамеша ба мардон хушоянд аст.
Омехтаи пахта ва катон хосиятҳои хеле хуб доранд. Ин гуна куртаҳо имкон медиҳанд, ки бадан то ҳадди имкон нафас кашад ва онҳо, инчунин, мустаҳкаму устуворанд. Мисли ҳама гуна либосҳои дигар интихоби ранг ва намунаи курта комилан ба завқ ва ҳисси услуби шумо вобаста аст. Куртаҳои сабук-сафед, хокистарии сабук, кабуд ва ғайраҳо табиатан дар тобистон бештар мувофиқанд, зеро онҳо дар зери офтоб чандон гарм нестанд.
Агар хоҳед либосатон зебо ба назар расад, пас дар интихоби мӯд хато накунед!