Arzon march 2024
Мардикорӣ (ҚИСМИ 2)
1129

(Аз китоби «Қиссаҳои зиндагӣ»-и Эркини Миркамолиён)

Чун пиразан боз танҳо мемонд, ба омода кардани ҷойи хоб мадораш нарасида, болои як кӯрпачаи қоқ ғанаб кард. Зуд-зуд бедор мешуд ва медид, ки ҳама ҷо торик, аз паҳлу ба паҳлу мегашт, ҳалқаш қоқ мешуд, пиёлаи чойро бо дастони ларзонаш мепалмосид. Танҳо наздикиҳои субҳ андаке хоб мерафт...

Аз байн даҳ сол сипарӣ шуд. Рӯзе Давлат ба деҳа мошинсавор омад ва рост рӯ ба рӯйи хонааш истод. Дар ҳавлӣ касеро надида, ба дари хона наздик шуда, садо баровард.

Давлат: Оча, оча! Гулбаҳор!,- гӯён, садояшро баландтар мекунад.

Аз тарафи рости ҳавлӣ, ки хонаи ҳамсоя буд, садои кушодашавии дар ба гӯшаш мерасад. Давлат ҳамсоязанро дида, бо таҳайюр ба пурсиш медарояд.

Давлат: Инҳо куҷоянд? Куҷо рафта бошанд? Чаро ягон садое намебарояд?

Дар ҷавоб ҳамсоязан чизе нагуфта, наздиктар меояд ва бо нӯги остини куртааш даҳонашро каме пӯшида, мегӯяд:

- Акаи Давлат, хайрият меомадай! Тамоман бедарак шудӣ? Иқа сол гузашт, куҷо будӣ?...

Ҳамсоязан баъди андаке бо оҳанги сарду аламангез илова кард:

- Момара се сол пеш ба хок супурдем! Гулбаҳори занут...,- ҳамсоязан сарашро андаке хам карда, оҳи чуқур кашида, баъдан гуфт,- ӯ шавҳар карда рафт...

Аз ин хабарҳои нохуш Давлат дар ҷояш шах шуда монд ва чӣ гуфтанашро намедонист. Баъди каме ба худ омадан, сарашро ба девори хона зада, фиғон баровард.

Давлат: Очаи ҷуне, бачаи ғарибу бекасут омадай, куҷоӣ?! Мара дар и дунё яккаву танҳо монда, худут рафтӣ! Воҳ, очаме!...

Ду-се нафар аз ҳамсояҳои атроф ҷамь мешаванд. Онҳо дар дами дар нишаста, дар ҳақи модари Давлат оят мехонанд. Ҳамсояи наздикаш оҳоро ба меҳмонхонааш медарорад.

Давлат бо сари хам менишаст. Гоҳ-гоҳ обҳои чашмонашро, ки беист мерехтанд пок, мекард. Яке аз нишастагон хомӯширо вайрон карда, гап кушод:

- Хайр, Худо раҳматуш куна, момара! Аҷаб кампири хоксору босабре буд. Боре ҳам аз зиндагӣ шикоят намекард, ҳамеша шукргузор буд.

Давлат, ки малулу музтар менишаст, бо садои хаста ва ларзон овоз мебарорад.

Давлат: Мн дар ҳақи очам хайрот карданиюм. Пул дорум, ягон гови калон харен, маърака обод шава.

Яке аз нишастагон, ки акаи Сафар меномиданд, сӯйи Давлат рӯ оварда, гуфт:

- Ҳозир маъракаҳо осон шудай. Ай масҷид чор-панҷ мӯсафедаву ҳақу ҳамсояҳора хабар мекунӣ. Кори дунё танзим шудай!

Яке аз ҳозирин луқма мепартояд:

- Танзим бугӯ!

- Хайр, ҳаму-да. Камхарҷ шудагӣ!

Рӯзи маъракаи ёдбуд, баъзе ашхосе, ки ҳозир буданд, сари дастархон нанишаста, фотеҳа хонда мерафтанд. Аз даҳони мардум ҳаргуна сарусадоҳо ба гӯш мерасид: яке мегуфт «дар зинда буданаш боре ҳам омада хабар нагирифт, акнун дидори модарашро дар Қиёмат мебинад», дигаре бо оҳанги маломатомез «баъди мурдан хоҳ ёд куниву хоҳ накунӣ», «фарзанди солеҳу мусулмон падару модарро ҳангоми дар қайди хаёт буданашон бояд эҳтиромашонро ба ҷо орад»... Умуман, миш-мишу гапу калочаҳои зиёде ба сӯйи Давлат мегуфтанд.

Баъди маърака, Давлат ба зиёрати қабри модараш ба Гӯристони деҳа меояд. Қабристон нообод буд. Атрофи он бо девори пасту похсагӣ иҳота шуда буд. Дар ҳар ҷойи қабристон сари ҳар манзиле чӯби хушкшудаи латтапорабастае ба назар мерасид. Хоки баъзе қабрҳои кӯҳна фурӯ рафта буд.

Давлат аз сари қабре ба дигареаш мегузашт, аммо нишонаи сари манзили модарашро пайдо накард. Намедонист, ки модараш дар кадоме аз инҳо хобидааст. Ӯ хеле гаштугузор карду дигар тоқат накарда, фиғон баровард.

Давлат: Оча, очаи ҷон, куҷоӣ?! Бачаи нохалафу роҳгумут омадай! Бхез аз тайи хок, оғӯшут кунум! Сад дареғо! Воҳ, очаме! Очаи ноумедуме!

Садои гиряолуди Давлат баландтар мешуд. Сари зону нишаст. Хеле ашк рехт. Андаке бошад ҳам, дилашро холӣ кард. Баъд, ба канори қабрҷо баромада, рӯйи замин нишаст ва оят хонд.

Давлат аз ҷой хеста, ба атроф назар кард, касе ба чашм нанамуд. Баъд, бо сари хам қадам зада, роҳи шаҳрро пеш гирифт. Ӯ аз нав азми сафари Русияро дошт.

Омодасоз: Э. КАМОЛЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД